Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Мақомоти Чин дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз гурӯҳи террористии Толибон хостанд, ки бар зидди таҳдидҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон иқдомҳои мушаххас анҷом диҳанд.
Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар нишасти ҳафтуми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё гуфт, таъмини субот дар Афғонистон бо амнияти тамоми Осиё пайванди мустақим дорад. Ӯ аз гурӯҳи Толибон хост, ки барои сулҳи пойдор талош намоянд.
Ван И рӯзи 15-уми октябр дар нишасти ҳафтуми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (СИКА), ки ба ҳайси намояндаи роҳбари давлати Чин ширкат мекард, ин мавқеи расмии ҳукумати Чинро баён намуд.
Вазири корҳои хориҷии Чин дар ин нишаст, ҳамчунин, зарурати ҳамкории наздиктари кишварҳои минтақаро дар масъалаи Афғонистон таъкид намудааст. Тибқи гуфтаи ӯ, дастгирии рушди ин кишвар ва расондани кумаки баршардӯстона ба мардуми он бояд идома ёбад.
Чин дар солҳои ахир дар мулоқот бо намояндагони Толибон ҳамеша масъалаи фаъолияти гурӯҳҳои террористии мусаллаҳро матраҳ мекунад. Яке аз нигарониҳои асосии Чин Ҷунбиши Исломии Туркистони Шарқӣ аст, ки мақомоти ин кишвар онро таҳдид ба амнияти миллии худ медонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд