Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея” шинос шуд
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ
Имсол дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ сохтмони эстакада ва як пули автомобилгард оғоз мегардад
Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 19-ум то 28-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад.
Манбаъ навиштааст, ки 700 довталаб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтаанд. Аз ин шумора 244 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
“Даври чоруми озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм баргузор гардида, дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Озмун аз ду қисм иборат буда, қисми аввал тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми дуюм бо иштироки ҳайати ҳакамон баргузор мегардад”, - афзудааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки соли равон холгузорӣ дар озмун пурра ба таври рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи холҳои бадастовардаи ҳар як иштирокчӣ фавран пас аз анҷоми иштирок дар қисми дахлдори озмун дар экран нишон дода мешавад. Ин тартиб имкон медиҳад, ки раванди баҳогузорӣ шаффоф ва натиҷаҳо барои иштирокдорон дастрас бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
500 сомонӣ. Боздошти марде, ки аз масҷид садуқи хайриявиро дуздиааст
Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея” шинос шуд
Иштироки Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ