3 Октябр 2026,
шанбе, 15:04, Душанбе
14.08.2026 20:01

Бар асари резиши тунел дар Ҳинд 7 коргар ба ҳалокат расиданд

Бар асари фурӯ рехтани як нақби сохташаванда дар иёлати Уттаракханд, шимоли Ҳинд дастикам 7 коргар ҷон бохтаанд. Се коргари дигар ҳанӯз дар дохили нақб мондаанд ва талошҳо барои наҷоти онҳо идома дорад.

Ба гузориши расонаҳои Ҳинд ҳангоми рух додани ҳодиса дар дохили нақби тақрибан 2-километра беш аз 20 коргар қарор доштаанд. То кунун 14 нафари онҳо наҷот дода шудаанд.

Ҳодиса шабона дар минтақаи Чамолии Уттаракханд рух додааст.

Мақомоти Ҳинд мегӯянд, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот бо иштироки чанд ниҳоди давлатӣ идома дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо