21 Ноябр 2026,
шанбе, 15:41, Душанбе
08.08.2026 10:38

Иштироки Далер Ҷумъа дар ҷаласаи 94-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Туркистон бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамраев ҷаласаи 94-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати ‎ энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои саварони давлатҳои таъсисдиҳандаи ФБНА баррасӣ гардиданд.

‎Иттилоъ дода мешавад, ки ҳамчунин, масъалаи таҳияи лоиҳаи Нақшаи ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи баҳисобгирии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сирдарё мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорони ҷаласа таҳияи ҳуҷҷати мазкурро ҷонибдорӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ барои баррасии ин масъала гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.11.2026 14:33

Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ

Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
21.11.2026 14:10

Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”

Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.
21.11.2026 13:46

Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд

Дар 9 моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 36 ҳазору 400 шаҳрванди Қазоқистон сафар кардаанд. Ин кишвар аз рӯи шумори шаҳрвандони воришуда ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми чорумро касб кардааст.
21.11.2026 11:26

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ кардааст.
21.11.2026 11:17

Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад.
20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.