25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:44, Душанбе
08.08.2026 10:34

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ кардани се узви Толибон дар Нангарҳор хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон мегӯяд, ки дар ҳамлаи неруҳои ин ҷабҳа бар қароргоҳи мудири амнияти минтақаи 6-уми гурӯҳи террористии Толибон дар шаҳри Ҷалолобод, маркази Нангарҳор, ду узви ин гурӯҳ кушта ва як узви дигарашон захмӣ шудааст.

Ин ҷабҳа рӯзи ҷумъа, 7-уми август, бо нашри эъломияе гуфтааст, ки ин ҳамла шоми панҷшанбе, 6-уми август, анҷом шудааст.

Дар эъломия омадааст, ки ин ҳамла дар баробари қароргоҳи мудири амнияти минтақаи 6-уми Толибон дар шаҳри Ҷалолобод анҷом шудааст.

Ҷабҳаи озодӣ афзудааст, ки аз сарнавишти мудири амнияти минтақаи 6-уми Толибон то кунун иттилое дар даст нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.