Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Чин аз Толибон хостааст, ки Афғонистонро ба паноҳгоҳи терроризм табдил надиҳанд
Намояндагии Чин дар Созмони Милал аз гурӯҳи террористии Толибон хостааст, ки бо гурӯҳҳои террористӣ муборизаи қотеъ кунанд ва иҷоза надиҳанд Афғонистон дубора ба паноҳгоҳи терроризм табдил шавад.
Сун Лэй, кордори муваққати намояндагии Чин дар Созмони Милал, рӯзи панҷшанбе, 6-уми август дар нишасти Шурои Амнияти ин созмон гуфтааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо ҳимоят аз иқтисоди Афғонистон ва беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ба коҳиши заминаҳои густариши терроризм кумак кунад.
Ӯ ҳамчунин, аз ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои минтақавӣ бо Афғонистон барои муқобилият бо таҳдидҳои террористии фаромарзӣ ҳимоят кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи террористии Толибон, гуфтааст, ки ин гурӯҳ иҷоза намедиҳад аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч кишваре истифода шавад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки нигарониҳо дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва истифода аз хоки ин кишвар барои таҳдидҳои фаромарзӣ ҳамчунон идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”