25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
06.08.2026 16:24

Ҷабҳаи озодӣ аз ҳамлаи мушакӣ ба Толибон дар майдони ҳавоии Кундуз хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълом кардааст, ки таҷаммуи неруҳои гурӯҳи террористии Толибон дар майдони ҳавоии Кундузро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.

Ин ҷабҳа рӯзи панҷшанбе, 6-уми август, бо нашри паёме дар саҳифаи “Х”-и худ гуфтааст, ки неруҳояш дар як ҳафтаи гузашта дувумин бор, мавозеи Толибонро дар ин майдони ҳавоӣ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додаанд.

Ба гуфтаи Ҷабҳаи озодӣ, ин ҳамла шаби гузашта анҷом шуда ва таҷаммуи неруҳои Толибон дар атрофи чархболҳои низомиро ҳадаф қарор додааст.

Ҷабҳаи озодӣ дар бораи талафот ё мизони хисороти расида аз ин ҳамла ҷузъиёти бештаре ироа накардааст.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҳамзамон бо наздик шудан ба панҷумин соли ҳокимияти Толибон бар Афғонистон, фаъолияти ҷабҳаҳои мусаллаҳи мухолифи ин гурӯҳ дар шуморе аз вилоятҳои Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.