Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Ҷабҳаи озодӣ аз кушта шудани панҷ ҷангҷӯи Толибон дар Бадахшон хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон мегӯяд, ки дар даргирӣ бо ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи (вулусволии) Зебоки вилояти Бадахшон, 5 ҷангҷӯи Толибон кушта ва 11 ҷангҷӯи дигари ин гурӯҳ захмӣ шудаанд.
Ин ҷабҳа шоми рӯзи чоршанбе, 5-уми август бо нашри хабарномае гуфтааст, ки даргирӣ баъд аз нисфирӯзӣ бо ҳамлаи Толибон ба сангарҳои неруҳои Ҷабҳаи озодӣ оғоз шуда, тақрибан чаҳор соат идома доштааст.
Ҷабҳаи озодӣ афзудааст, ки неруҳои онҳо ҳамлаи Толибон ба мавқеъҳои худ дар ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшонро рафъ карда, дар ҷараёни даргирӣ ба ҷангҷӯёни Толибон талафот ворид кардаанд.
Бар асоси хабарнома, неруҳои Ҷабҳаи озодӣ пас аз рафъи ҳамлаи Толибон, бо истифода аз силоҳҳои сабук ва вазнин ба ҷангҷӯёни ин гурӯҳ талафот ворид кардаанд.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон гуфтааст, ки Толибон ақибнишинӣ кардаанд ва дар ин даргирӣ ба нерӯҳои онҳо осебе нарасидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”