25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
06.08.2026 08:24

Намояндаи Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид Афғонистони зери идораи Толибонро паноҳгоҳи терроризм хонд

Осим Ифтихор Аҳмад, сафири Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст, ки пас аз тасаллути гурӯҳи террористии Толибон бар Афғонистон, гурӯҳҳои сершумори террористӣ дар ин кишвар ба таври рӯзафзун ба рушди худ идома медиҳанд.

Рӯзномаи “Дон”, субҳи панҷшанбе, 6-уми август гузориш додааст, ки сафири Покистон ин мавзуъро дар нишасти Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид баён кардааст.

Бар асоси гузориш, Ифтихор Аҳмад вазъияти Афғонистонро зери идораи Толибон бад ва нигаронкунанда хондааст.

Ба гуфтаи ӯ, чандин гурӯҳи террористӣ аз паноҳгоҳҳои амн дар дохили Афғонистон ба фаъолияти худ идома медиҳанд ва таҳдиди рӯзафзун барои амнияти минтақа ба шумор мераванд.

Дар гузориш омадааст, ки Ифтихор Аҳмад ба таври хос аз гурӯҳҳои “Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)”, “Артиши озодибахши Балучистон”, “ДОИШ” ва гурӯҳҳои вобаста ба он, “Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ” ва шохаҳои “Ал-қоида” ҳамчун гурӯҳҳое ном бурдааст, ки ба паноҳгоҳҳои амн дар дохили Афғонистон дастрасӣ доранд.

Бо ин ҳол, гурӯҳи террористии Толибон бо радди ин мавзуъ, ҳамвора гуфтаанд, ки чолишҳои амниятӣ дар Покистон мушкили дохилии ин кишвар аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.