26 Сентябр 2026,
шанбе, 14:31, Душанбе
05.08.2026 10:28

Сафорати Чин дар Амрико: Вашингтон бояд аз таҳдид ва бадномсозии ширкатҳои чинӣ даст бардорад

Сафорати Чин дар Иёлоти Муттаҳида тарҳи нави давлати Доналд Трамп барои манъ кардани воридоти бархе таҷҳизоти электронии сохти Чинро маҳкум карда, аз Вашингтон хостааст, ки аз таҳдид, таҳрим ва бадномсозии ширкатҳои чинӣ даст бардорад.

Ба гузориши “Ройтерз” (Reuters), сафорати Чин дар баёнияе гуфтааст, ки Пекин аз Иёлоти Муттаҳида мехоҳад ба дидгоҳҳои воқеъбинона ва мантиқии ҷомеаҳои тиҷоратии ҳарду кишвар гӯш диҳад ва аз фишор болои ширкатҳои чинӣ худдорӣ кунад.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки Чин дар сурати ворид шудани ҳар гуна зиёни моддӣ ба манофеи худ, тамоми иқдомҳои лозимро анҷом хоҳад дод.

Ин вокуниш дар ҳоле баён мешавад, ки тибқи гузориши “Ройтерз”, давлати Трамп дар ҳоли таҳияи пешнависи қонунест, ки воридоти насли нави қисмҳои маркази маълумот (Data Center)-и сохти Чин, аз ҷумла интиқолдиҳандаҳои нурии маълумот (оптикӣ)-ро ба Амрико манъ мекунад. Вашингтон мегӯяд, ки ин иқдом барои ҳифзи зерсохтҳои марбут ба рушди ҳуши маснуӣ ва амнияти миллӣ анҷом мешавад.

Бар асоси гузориш, Комиссияи федеролии иртибототи Амрико (FCC) низ рӯи маҳдуд кардани воридоти таҷҳизоти нави чинӣ кор мекунад. Ин таҷҳизот барои интиқоли босуръати додаҳо тавассути шабакаҳои нахи нурӣ дар маркази додаҳо истифода мешаванд.

Гузориш меафзояд, ки ҳарчанд Комиссияи федералии иртибототи Амрико метавонад ин маҳдудиятҳоро тағйир диҳад ё лағв кунад, аммо ин иқдом бахше аз сиёсати густардаи давлати Трамп барои маҳдуд сохтани нуфузи ширкатҳои чинӣ дар бахшҳои пешрафтаи технологии Амрико арзёбӣ мешавад.

Пеш аз ин низ Иёлоти Муттаҳида дар идомаи маҳдудиятҳои фанноварона алайҳи Чин воридоти роботҳои инсоннамо, роботҳои чаҳорпо ва бархе таҷҳизоти дигарро манъ карда буд. Вашингтон ин тасмимҳоро бо нигарониҳои марбут ба амнияти миллӣ, эҳтимоли ҷосусӣ, дуздии додаҳо ва анҷоми ҳамлаҳои киберӣ тавҷеҳ кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
25.09.2026 18:08

Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод

Кремл аз даъвати Иёлоти Муттаҳида барои ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ояндаи Гурӯҳи 20 кишвари бузурги иқтисодӣ (G20) истиқбол кардааст. Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҳошияи ин нишаст омода аст.
25.09.2026 17:51

Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, Киев ду низомии Кореяи Шимолиро, ки дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина асир гирифта шуда буданд, ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст.