Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Трамп: “Нафрати миёни Путин ва Зеленский монеаи асосии сулҳи Украина аст”
25.07.2026 15:39
Фурӯ рехтани тӯдаи хок дар Чин: 5 нафар ҷон бохтанд
Бар асари фурӯ рехтани тӯдаи хок дар як деҳа дар вилояти Шансӣ, воқеъ дар шимоли Чин, панҷ нафар ҷон бохта, се нафари дигар захмӣ шудаанд.
Агентии давлатии иттилоотии “Синхуа” рӯзи шанбе, 25-уми июл, хабар дод, ки ин ҳодиса соати 18:49-и рӯзи ҷумъа рух дода, як хонаи истиқоматиро зери хок гӯр кардааст.
Бар асоси гузориш, ҳамаи ҳашт нафаре, ки дар пайи ин ҳодиса дар деҳаи Ҳайуии, ноҳияи Ҳунтун, зери вайронаҳо монда буданд, пайдо шудаанд.
Мақомоти маҳаллӣ барои анҷом додани амалиёти наҷот беш аз 550 корманди хадамоти наҷот, аз ҷумла полис, оташнишонон ва кормандони соҳаи тандурустиро сафарбар карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
10.11.2026 18:28
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Мақомоти Амрикову Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳушдорҳои оташин ҳамдигарро бо ҳамлаҳои нав таҳдид мекунанд.
10.11.2026 18:22
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.
10.11.2026 18:10
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.
10.11.2026 15:53
Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия
Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.
10.11.2026 14:07
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки миқёси ҳамлаи нави низомӣ ба Эрон метавонад аз амалиёти қаблӣ панҷ баробар бештар бошад.
10.11.2026 14:03
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Дар вилояти Пактиёи Афғонистон аз кор барканор намудани чанд коргари тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмар ва ба ҷойи онҳо таъйин намудани афроди наздик ба роҳбари ин ниҳод боиси нигаронӣ шудааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ ин иқдомро нишонаи хусумати қавмӣ ва хешутаборбозӣ дар сохтори як созмони башардӯстона медонанд.
10.11.2026 13:58
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Намояндаи парлумони Аврупо дар Фаронса гуфт, ки музокироти кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар хусуси бозгардондани паноҳҷӯёни афғон боиси зери по шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва расман эътироф накардани ҳукумати Толибон шавад.
10.11.2026 11:55
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"
Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54
Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:58
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
Мақомоти интизомии пойтахт шаш ноболиғро дастгир кард, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбаранд.
10.11.2026 09:57
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.