Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Давраи даҳсолаи Антониу Гутерриш дар мақоми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид поён меёбад
Давраи даҳсолаи Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 31-уми декабри соли ҷорӣ ба поён мерасад.
Расонаҳои байналмилалӣ рӯзи панҷшанбе, 23-уми июл, гузориш додаанд, ки пеш аз он ки раванди расмии интихоби дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ҳафтаи оянда оғоз шавад, қарор аст шаш номзад дар як мунозираи умумӣ ширкат кунанд.
Ин мунозираи 90-дақиқаӣ дар толори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда, аз сӯйи шабакаи “Блумберг” пахш хоҳад шуд.
Дар ин барнома, дипломатҳо, кормандони Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд аз номзадҳо дар бораи чигунагии раҳбарии ин созмон дар шароите, ки бо чолишҳои рӯзафзуни молӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ аст, пурсиш кунанд.
Номзадҳои ин рақобат иборатанд аз: Мишел Бачелет аз Чили, Мария Фернанда Эспиноса аз Эквадор, Рафаэл Гроссӣ аз Аргентина, Ребекка Гринспан аз Коста-Рика, Каролин Родригес-Биркет аз Гайана ва Макӣ Салл аз Сенегал.
Ин раванд дар ҳоле сурат мегирад, ки Созмони Милали Муттаҳид беш аз ҳар замони дигар бо чолишҳои асосӣ дар баробари иқтидори худ ва низоми байналмилалии пойбанди қонунҳо, ки қарор аст намояндаи он бошад, рӯбарӯ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид