10 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:09, Душанбе
21.07.2026 17:55

33 рӯз дар роҳ. Чӣ гуна ду блогер аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда рафтанд?

Ду блогери ҷавон Улуғбек Норматов ва Сиёвуш Қодиров азм карданд, ки аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда бираванд. Онҳо масири мазкурро дар 33 шабонарӯз тай карданд ва аз ҷараёни сафарашон дар Инстаграм қариб 600 навор нашр намуданд.

Улуғбек Норматов дар мусоҳиба бо Dialog.tj нақл кард, ки чӣ гуна бо дӯсташ 900 километрро пиёда тай намуданд ва бо чиҳо рӯ ба рӯ шуданд. 

- Дар блогинги тоҷик бештар ба наворҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ, тарбиявӣ ва омӯзишӣ таваҷҷуҳ карда мешавад. Бигӯед, ки идеяи пиёда аз Хуҷанд то Хоруғ рафтан чӣ гуна пайдо шуд? 

- Ман дар шаҳри Хоруғ хизмати аскариро адо кардаам ва минтақаи мазкурро хеле зиёд дӯст медорам. Баъди бозгашт аз Русия, идеяи пиёда аз Хуҷанд то Хоруғ рафтан пайдо шуд. Сипас, фикрамро ба дӯстам Сиёвуш гуфтам. Ӯ қабул кард ва мо ба роҳ баромадем.  

- Ин лоиҳаро аҳли оилаатон чӣ гуна қабул карданд? 

- Азбаски ман варзишгар ҳастам ва дар мусобиқаҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ иштирок кардаам, ин тасмимро аҳли оилаам хуб пазируфтанд. Онҳо ба ман бовар доранд. 

- Шумо 33 рӯз дар роҳ будед. Оё тай кардани ин роҳ мушкил набуд? 

- Чун ин лоиҳаро мо “Роҳ ба сӯйи орзуҳо” ном гузошта будем ва орзу доштем, ки аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда биравем, мушкилиеро эҳсос накардем. Мо сӯйи орзуямон қадам бардоштем ва ангезаи калон доштем. Мо дар дохили кишвари худамон будем ва дар ҳар гӯшаи диёр ҳамватанонамон бо мо меҳрубон ва хеле самимӣ буданд. Албатта, аз ҷониби дигар, дурӣ аз аҳли оила то андозае душвор буд, вале мо тавонистем, ки то охир роҳамонро тай кунем ва ба орзуямон бирасем. 

- Роҳи тӯлониро тай кардед, оё дар сафар боре роҳро гум кардед? 

- Не, роҳро гум накардем, зеро ҳам дар роҳ нишонаҳои зиёд аст, ҳам аз мардум пурсидем ва ҳам мақомот ба мо кумак карданд. 

- Дар як шабонарӯз чанд соат роҳ мерафтед ва чанд соат истироҳат мекардед?

- Чанд соат роҳ рафтани мо аз вазъи ҳаво вобаста буд. Рӯзҳое, ки ҳаво на он қадар гарм буд, мо то 18 соат ҳам роҳ мегаштем. Чун роҳи дарозро тай кардан мехостем, ҳамеша кӯшиш мекардем, ки зиёд роҳ равем ва масофаро кам кунем. Ҳамчунин, медидем, ки обуначиёнамон дар Инстаграм ба мо суханҳои хубу рӯҳбахш мегӯянд, дучанд хурсанд шуда, ба пеш ҳаракат мекардем. 

- Дар ин роҳи тӯлонӣ оё вазъи саломатиатон бад нашуд?

- Албатта, дар роҳ хасташавӣ буд, вале баръакс, пиёдагардӣ ба вазъи саломатиамон таъсири мусбат расонид ва ҳоло худамонро хеле хуб ҳис мекунем.

- Шабҳоро дар куҷоҳо рӯз кардед? Оё шаберо дар берун рӯз намудед?

- Шабҳо аҷиб гузаштанд. Боду ҳавои ватан дар шаб боз ҳам зеботару аҷибтар аст. Мо шабҳоро баъзан дар хонаҳои мардум, баъзан дар отряди сарҳадӣ ва баъзан дар берун рӯз кардем. 

- Масъалаи хӯрокворӣ ва пур кардани қувваи телефонҳоро чӣ хел ҳал кардед?

- Шукр, дар роҳ дар масъалаи хӯрокворӣ тамоман танқисӣ накашидем, зеро ҳам мардум кумак мекарданд ва ҳам худамон аз мағозаҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ харида мехӯрдем. Қувваи телефонҳоямон бошад, баъзан тамом мешуд ва то ёфтани ҷойи қуввамонӣ сабр мекардем. 

- Дар умум, чанд километр роҳро тай намудед?

- Тахминан роҳи тайнамудаамон 900 километр буд. 

- Чаро аз Хоруғ бо ҳавопаймо омадед?

- Аслан, идеяи мо аз Хуҷанд то Хоруғ пиёда рафтан буд ва ният доштем, ки агар ба мақсадамон бирасем, бо ҳавопаймо бармегардем, чунки кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро аз баландӣ дидан мехостем. Ҳамин хел шуд, ки як навор гузоштем ва бо дӯстам Сиёвуш гарав бастем, ки агар аз 15 ҳазор бинанда зиёд бинад, ӯ билет мехарад, агар не, ман билетҳоро мегирам. Дар охир, ман шартро бой додам ва барои ҳар дуямон билет харидам. 

- Аз ҷараёни сафаратон дар Инстаграм чанд навор нашр кардед?

- Хато накунам 570-580 навор нашр кардем. Ҳоло ҳамаи наворҳои гирифтаамонро нагузоштаем ва агар онҳоро гузорем, шумораашон аз 600 ҳам мегузарад. Ин сафар моро ба корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле хуб шиносонид. Пеш аз сафар дар саҳифаҳоямон беш аз 1000 обуначӣ доштем, вале ҳоло ман зиёда аз 14 ҳазор ва Сиёвуш беш аз 13 ҳазор обуначӣ дорем. 

- Тахминан метавонед бигӯед, ки то имрӯз дар сафар чанд сомонӣ сарф кардед ва оё сарпараст доред?

- Ростӣ, сарфу харҷро пурра ҳисоб накардем, вале бояд бигӯям, ки дар ин сафар моро ширкати “Титан 8888” пурра сарпарастӣ кард. Ҳамчунин, вақте ки дар роҳ будем, ширкати “Сиёма” ва Душанбе Сити Бонк низ моро дастгирӣ намуд.

- Бигӯед, ки ин сафар ба шумо чӣ дод ва оё чунин сафарҳоро боз идома медиҳед?

- Маҳз бо шарофати ин сафар мо бо тарзи зиндагӣ, меҳмоннавозӣ, урфу одат ва расму оини минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик ошно шудем. Ҳамчунин, аз табиату ҳавои тоза кишвари биҳиштосоямон ҳаловат бурдем. Умед дорем, ки чунин сафарҳоро дар оянда низ идома медиҳем. 

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
10.11.2026 08:37

Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд

Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Покистон дар тамрингоҳи минтақаи Черати Покистон бо номи “Дӯстӣ-III” баргузор шуд. Дар ин тамринҳои зиддитеррористӣ низомиёни ду кишвар табодули таҷриба намуда, такмил додани омодагии ҷангиро тамрин карданд.
10.11.2026 07:23

Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад

Федератсияи Русия барои содирот 100 ҳазор тонна сӯзишвории иловагӣ ба Тоҷикистон ҷудо мекунад. Баъди ин қарор ҳаҷми умумии воридоти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон дар соли 2026 ба 550 ҳазор тонна мерасад.
10.11.2026 06:17

Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо масъулони ширкати милли шабакаҳои барқи Қазоқистон “KEGOC” бо имкониятҳои нави идоракунии шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетика шинос шудааст.
09.11.2026 15:48

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми ноябр дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дастовардҳои Қазоқистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии ин кишварро муҳим арзёбӣ карданд.
09.11.2026 15:42

Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад

Файсал Ниёз Тирмизӣ, сафири Покистон дар Русия дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки вазъияти ноустувори амниятӣ дар Афғонистон монеаи иҷрои лоиҳаҳои пайвасткунии Покистон ба Осиёи Марказӣ ва Эрон мешавад. Сафир таъкид намуд, вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа таъсир мерасонад.