Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Дархости Трамп аз нахуствазири Ироқ барои миёнҷигарӣ байни Эрон ва Амрико
Шабакаи хабарии “Ал-Арабия” ба нақл аз манобеи худ гузориш додааст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз нахуствазири Ироқ хостааст, барои коҳиши танишҳо ва миёнҷигарӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон нақш бозӣ кунад.
Дар гузориш омадааст, ки манобеи огоҳ гуфтаанд, Вашингтон ба Алӣ аз-Зейдӣ, нахуствазири Ироқ, барои иштирок дар талошҳои дипломатӣ ҷиҳати поён додан ба ҷанг миёни Амрико ва Эрон “чароғи сабз” нишон додааст.
Ин иқдом пас аз сафари ахири нахуствазири Ироқ ба Вашингтон сурат мегирад. Дар ҷараёни ин сафар, ӯ бо Доналд Трамп ва дигар мақомоти амрикоӣ дидору гуфтугӯ анҷом дода буд.
Бар асоси ин гузориш, Бағдод талош дорад бо истифода аз равобити худ бо ҳар ду ҷониб ва тавоноии барқарории иртибот бо онҳо, дар коҳиши танишҳо миёни Амрико ва Эрон нақши фаъол дошта бошад.
Манобеъ ҳамчунин, гуфтаанд, ки Алӣ аз-Зейдӣ қарор аст рӯзи панҷшанбеи оянда ба Теҳрон сафар кунад. Дар ин сафар чандин масъалаи муҳим, аз ҷумла таҳаввулоти амниятӣ ва равобити дуҷониба, баррасӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи “Ал-Арабия”, масъалаи инҳисори силоҳ дар ихтиёри давлати Ироқ ва хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз ин кишвар низ аз ҷумлаи мавзуъҳои мавриди баррасӣ хоҳад буд.
Ин манобеъ афзудаанд, ки нахуствазири Ироқ дар сафари худ ба Теҳрон ҳамчунин, ҳамкориҳои амниятии миёни ду кишвар ва масъалаи ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди Эрон дар хоки Ироқро матраҳ хоҳад кард.
Ин таҳаррукоти дипломатӣ дар ҳоле анҷом мешавад, ки талошҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг ва коҳиши танишҳо миёни Амрико ва Эрон идома дорад. Фуод Ҳусейн, вазири корҳои хориҷии Ироқ, низ пештар таъкид карда буд, ки кишвараш мухолифи ҷанг ва густариши он мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад