Трамп аз “пешрафти зиёд” дар музокироти Амрико ва Эрон хабар дод
Мақоми Созмони Милали Муттаҳид хостори иқдоми фаврӣ барои ҳимоят аз таҳсили духтарони Афғонистон шуд
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Заминларзаҳои маргбор дар Венесуэла: беш аз 5 000 нафар ҷон бохтанд
Шумори қурбониёни заминларзаҳои моҳи гузаштаи Венесуэла ба беш аз 5 000 тан расид.
Ҷорҷ Родригез, раиси Маҷлиси миллии Венесуэла, рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, дар “Х” эълом кард, ки шумори ҷонбохтагони заминларзаҳои моҳи гузашта дар ин кишвар ба беш аз 5 ҳазору 60 тан расидааст.
Ӯ бо нашри ҷадвале афзудааст, ки шумори захмиёни ин рӯйдоди табиӣ низ ба 16 ҳазору 740 тан расидааст.
Бо ин ҳол, давлати Венесуэла эълом кардааст, ки то кунун ба 128 ҳазору 342 хонаводаи осебдида кумакрасонӣ карда, барои онҳо сарпаноҳҳои муваққатӣ фароҳам овардааст.
Давлати Венесуэла ҳушдор додааст, ки ҳанӯз наздик ба 18 ҳазор нафар дар пайи ин заминларзаҳо бехона боқӣ мондаанд.
Моҳи гузашта ду заминларза ба қувваи 7,2 ва 7,5 дараҷаи Рихтер минтақаҳое аз Венесуэларо такон дод, ки хисороти густурдае бар ҷой гузошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид