Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Интиқоли қудрат дар Британия: Энди Бернхэм ҷойнишини Стармер шуд
Ҳизби коргари Британия рӯзи ҷумъа Энди Бернхэмро дар конфронси вижаи ин ҳизб ба ҳайси раҳбари нави худ муаррифӣ кард. Бо ин тасмим, раванди интиқоли қудрат пас аз истеъфои Кир Стармер вориди марҳалаи ниҳоӣ шуд.
Ба гузориши расонаҳо Энди Бернхэм дар нахустин суханронии худ ба ҳайси раҳбари Ҳизби коргар ваъда дод, ки давлати ояндаи ӯ ба усул ва барномаҳои ин ҳизб пойбанд хоҳад буд ва барои ҳалли мушкилоте, ки ба гуфтаи ӯ тайи даҳсолаҳои гузашта аз сӯйи сиёсатмадорон нодида гирифта шудаанд, иқдом хоҳад кард.
Ӯ гуфт, ки давлати ояндаи Британия мардум ва минтақаҳои гуногуни кишварро дар меҳвари тасмимгирӣ қарор дода, барои иҷрои барномаҳои худ бо ҷиддият амал хоҳад кард.
Бернхэм пас аз он раҳбарии ҳизби ҳокими Британияро ба даст овард, ки аз миёни 403 намояндаи Ҳизби коргар дар Маҷлиси умумӣ, ҳимояти 379 нафарро соҳиб шуд. Азбаски ҳеч номзади дигар натавонист ҳадди ақали лозимро барои ширкат дар рақобат ба даст орад, интихоби раҳбари нав бидуни баргузории раъйгирии умумии аъзои ҳизб анҷом шуд.
Бо вуҷуди ин, раҳбари Ҳизби коргар шудан ба маънои ба таври фаврӣ ба уҳда гирифтани мақоми нахуствазирӣ нест. Қарор аст марҳалаи ниҳоии интиқоли қудрат рӯзи душанбе анҷом шавад. Кир Стармер дар он рӯз истеъфои расмии худро ба шоҳ Чарлз III пешниҳод мекунад ва сипас, шоҳ аз Бернхэм хоҳад хост, ки ҳамчун шахси дорои эътимоди Маҷлиси умумӣ ҳукумат ташкил диҳад.
Интизор меравад Бернхэм пас аз дидор бо Шоҳ вориди қароргоҳи №10-и Даунинг-стрит шуда, раванди муаррифии аъзои кобинаи нави худро оғоз кунад.
Ӯ раҳбарии давлатро дар ҳоле ба даст мегирад, ки Ҳизби коргар бо коҳиши маҳбубият, фишорҳои иқтисодӣ, ихтилофҳои дохилиҳизбӣ ва пешрафти Ҳизби ислоҳи Британия таҳти раҳбарии Найҷел Фараж рӯбарӯ аст.
Кир Стармер рӯзи 22-уми июн эълом карда буд, ки аз раҳбарии Ҳизби коргар канорагирӣ мекунад ва то интихоби ҷонишин дар мақоми нахуствазир боқӣ мемонад. Ӯ гуфта буд, ки паёми ҳизбро шунидааст ва дигар худро шахси муносиб барои раҳбарии ҳизб то интихоботи умумии соли 2029 намедонад.
Истеъфои Стармер пас аз моҳҳо фишори дохилӣ дар Ҳизби коргар сурат гирифт. Шикастҳои сангин дар интихоботи маҳаллии моҳи май, пешрафти Ҳизби ислоҳи Британия, норозигии бахше аз пойгоҳи суннатии ҳизб дар минтақаҳои шимолӣ, интиқод аз сиёсатҳои иҷтимоӣ ва эътирозҳо ба мавқеи ҳукумати Лондон дар бораи ҷанги Ғазза, аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки мавқеи ӯро заиф карданд.
Бернхэм, ки пештар шаҳрдори Манчестер буд, моҳи гузашта бо пирӯзӣ дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси умумӣ бозгашт ва роҳро барои ширкат дар рақобати раҳбарии Ҳизби коргар ҳамвор кард.
Ӯ акнун раҳбарии ҳукуматеро бар уҳда мегирад, ки бо буҳрони эътимоди умумӣ, болоравии хароҷоти зиндагӣ, заъфи хадамоти давлатӣ ва саволҳои ҷиддӣ дар бораи самти ояндаи худ рӯбарӯ аст. Интизор меравад Бернхэм то интихоботи умумии оянда барои эҳёи иқтисод, вогузории ихтиёроти бештар ба минтақаҳо ва ислоҳи хадамоти иҷтимоӣ талош кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад