Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Нахуствазири пешини Италия аз мавқеи кишварҳои аврупоӣ дар бораи ҷанги Украина интиқод кард
Ҷузеппе Конте, нахуствазири пешини Италия, аз мавқеи кишварҳои аврупоӣ дар қиболи ҷанг дар Украина интиқод карда, гуфтааст, ки Аврупо бо иштирок дар ин муноқиша ба “иштибоҳи таърихӣ” роҳ додааст.
Ба гузориши расонаҳои Италия Конте дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки Аврупо бо итминон аз тавоноии худ барои пеш бурдани як ҷанги ниёбатӣ алайҳи Русия дар Украина, муртакиби як хатои бузурги таърихӣ шудааст.
Раҳбари ҳизби “Ҷунбиши панҷ ситора”, ки бузургтарин ҳизби мухолифи давлати Ҷорҷия Мелонӣ ба шумор меравад, афзудааст, ки равиши кунунии Аврупо дастёбӣ ба созиши дипломатӣ миёни Русия ва Украинаро ба таъхир меандозад.
Конте ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси эътилофи нави аврупоӣ барои муқобилият бо таҳдидҳои мушакӣ гуфтааст, ки ин иқдом метавонад нишондиҳандаи тамоюли кишварҳои узви ин эътилоф барои афзоиши ҳимояти низомӣ аз Украина бошад.
Ӯ таъкид кардааст, ки чунин таҳаввул метавонад ба узвияти Украина дар Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) сабаб шавад, ки ба гуфтаи ӯ, паёмадҳои хатарнок дар пай хоҳад дошт.
Ин дар ҳолест, ки Украина ва нӯҳ кишвари аврупоӣ аз таъсиси эътилофе барои эҷоди сипари муштараки зиддимушакии баллистикӣ хабар додаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи ин тарҳ тақвияти дифои мушакии Аврупо ва муқобила бо таҳдидҳои оянда мебошад.
Дар баёнияи муштараки ин кишварҳо омадааст, ки эътилофи нав бо ҳадафи рушди як сохтори ҳамгирои дифои мушакӣ ва эҷоди зарфияти муштараки зиддимушакӣ барои Аврупо таъсис мешавад. Дар ин баёния иддао шудааст, ки ин иқдом зидди ҳеч кишваре нест ва танҳо барои ҳимоят аз амнияти кишварҳои узви эътилоф анҷом мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад