Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Пас аз панҷ сол баргашт, аммо дар як дақиқа шикаст хурд
Субҳи 12-уми июл дар Амрико мусобиқаи UFC 329 баргузор шуд, ки дар муҳорибаи асосии он собиқ чемпиони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор ва собиқ чемпиони UFC Макс Холлоуэй рақобат карданд.
Муҳорибаи асосии мусобиқаи UFC 329 интизориҳоро бароварда накард, он тавре ки аксари алоқамандони муҳорибаҳои омехта мехостанд, нашуд ва дар як дақиқаву панҷ сонияи аввал Конор Макгрегор бо сабаби ҷароҳат бардоштан, аз идомаи рақобат даст кашид ва Макс Холлоуэй тариқи накаути техникӣ ғалаба кард.
Баробари оғоз шудани муҳориба, Конор Макгрегор хост бо пой зарба занад, вале ба ҷойи ба ҳариф зарар расонидан, зонуи худаш осеб бардошт ва дар миёни як дақиқа се бори дигар ба замин афтод. Ҳамин тавр, довар муҳорибаро манъ кард.
UFC 329 аз ҷумлаи мусобиқаҳои муҳим буд, зеро ситораи асосии ташкилоти UFC пас аз панҷ сол баргашт ва таваҷҷуҳи алоқамандони зиёдро ҷалб карда буд. Интизор мерафт, ки Конор Макгрегор пас аз панҷ сол бо қувваи нав бармегардад ва дар ташкилоти UFC мисли солҳои пеш муҳорибаҳои ҳангомавӣ мегузаронад.
Агар Конор Макгрегор ғолиб меомад, барои камарбанди чемпионӣ дар вазни ниммиёна бо ғолиби муҳорибаи Ислом Махачев ва Иэн Герри рақобат мекард ва ин хеле ҷолиб мебуд.
Тибқи гузориши расонаҳои варзишӣ, барои муҳорибаи мазкур Конор Макгрегор зиёда аз 15 миллион доллар ва рақиби ӯ Макс Холлоуэй беш аз 5 миллион доллар ба даст оварданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад