Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли орд барои макаронро ба истифода доданд
Имрӯз, 8-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли орд барои макарон дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода Инвест» расман оғоз бахшиданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар ва бо истифода аз сармояи дохилӣ бунёд гардидааст. Иншоот дар масоҳати 2500 метри мураббаъ сохта шудааст.
Гуфта мешавад, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 200 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона бинои осёб бо таҷҳизоти пурраи коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 600 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.
"Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан, аз гандуми навъи дурум омода гардида, барои истеҳсоли макарон, хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардид", - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки бо истифода қарор гирифтани коргоҳ 46 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид