Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Мертс аз афзоиши хароҷоти дифоии Олмон ҳимоят кард
Фридрих Мертс, нахуствазири Олмон, дар вокуниш ба интиқодҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз сиёсати дифоии аъзои НАТО, аз афзоиши буҷаи дифоии кишвараш ҳимоят карда ва гуфтааст, ки Олмон тайи чаҳор соли оянда хароҷоти низомии худро ду баробар хоҳад кард.
Мертс рӯзи ҷумъа, 3-уми июл, дар остонаи нишасти раҳбарони НАТО дар Анқара гуфтааст, ки Олмон бузургтарин барномаи тақвияти тавони дифоии худро иҷро мекунад ва дар ин замина “ҳеч далеле барои ақибнишинӣ дар баробари ҳеч кишваре” надорад.
Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” муддаӣ шуд, ки Олмон байни солҳои 2014 то 2025 дар муқоиса бо Амрико ва дигар аъзои НАТО хароҷоти дифоии “бисёр камтаре” дошта ва ин вазъиятро “бемаъно” ва “якҷониба” тавсиф кард.
Мертс ҳамчунин, эълом кардааст, ки Олмон то соли 2029, шаш сол зудтар аз муҳлати таъйиншуда, ҳадафи ихтисоси 3,5 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ба хароҷоти дифоӣ амалӣ хоҳад кард.
Қарор аст раҳбарони НАТО ҳафтаи оянда дар Анқара дар бораи масъалаҳои амниятӣ, ҷанги Украина ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узв гуфтугӯ кунанд.
Ихтилофҳо миёни Вашингтон ва муттаҳидони аврупоии НАТО дар моҳҳои охир бар сари саҳми хароҷоти дифоӣ, ҷанги Украина ва сиёсатҳои Амрико дар қиболи Эрон ва Гренландия афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад