Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Британия ва Фаронса тангаи Ҳурмузро “шоҳроҳи ҳаётӣ барои иқтисоди ҷаҳонӣ” хонданд
Британия ва Фаронса дар як баёнияи муштарак эълом кардаанд, ки тангаи Ҳурмуз “шоҳроҳи ҳаётӣ барои иқтисоди ҷаҳонӣ” аст ва таъмини убури амни киштиҳо аз ин масир як мавзуи нигаронии ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Дар ин баёния, ки аз ҷониби Кир Стармер, нахуствазири Британия ва Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, рӯзи ҷумъа, 3-уми июл, нашр шудааст, таъкид гардидааст, ки “барқарор кардани убури амни киштиҳои ҳамаи кишварҳо аз ин танга як масъалаи ҷаҳонӣ аст”.
Ду кишвар гуфтаанд, ки Салтанати Умон тавофуқ кардааст, ки бо Британия ва Фаронса барои таъмини амнияти обҳои сарзаминии худ ва ва кафолати амни киштиронӣ ҳамкорӣ кунад.
Дар идомаи ин баёния омадааст, ки Британия ва Фаронса омодагӣ доранд, дар сурати зарурат, дар чаҳорчӯби як “маъмурияти низомии чандмиллатӣ” барои ҳимоят аз озодии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз иқдом кунанд.
Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин, бар уҳдадории муштараки худ ба суботи минтақавӣ, эҳтиром ба ҳокимияти кишварҳо ва ҳамкории наздик бо шарикон барои ҳифзи амнияти ҷаҳонӣ, озодии киштиронӣ ва қонунҳои байналмилалӣ таъкид кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад