Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид
Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
500 сомонӣ. Боздошти марде, ки аз масҷид сандуқи хайриявиро дуздидааст
Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Танҳо бо як забони хориҷӣ. Тағйирот дар сохтори китобчаҳои тест
Имрӯз, 1-уми июл даври асосӣ (якум)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 барои довталабони дар давраи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) номнависшуда оғоз мегардад.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имсол дар сохтори китобчаҳои тести қисми А барои гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (иқтисод ва география) ва қисми Б барои гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (иқтисод ва география) тағйирот ворид карда шуд.
“Тибқи навгонии соли ҷорӣ китобчаҳои тести мазкур танҳо бо як забони хориҷӣ – англисӣ чоп карда шудаанд. Хотиррасон мекунем, ки солҳои пеш ин китобчаҳо бо чор забони хориҷӣ – англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ чоп мешуданд. Вобаста ба ин, агар довталаб забони англисиро надонад ва дар вақти бақайдгирӣ иштибоҳан забони хориҷии медонистааш (немисӣ/франсавӣ/арабӣ)-ро интихоб накарда бошад, барои роҳнамоӣ дар ҳалли ин масъала пешакӣ бо Марказ (224 53 73) дар тамос шавад”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки имсол дар субтестҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ) саволу масъалаҳои навъи кушода, яъне бо ҷавоби кӯтоҳ ворид карда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд