18 Октябр 2026,
якшанбе, 23:46, Душанбе
30.06.2026 15:16

Ҷанги Украина, чолиши пинҳони тавофуқи энергетикии Малайзия ва Русия

Як расонаи Малайзия дар таҳлиле навиштааст, ки тавофуқи дарозмуддати энергетикӣ миёни Куала-Лумпур ва Маскав метавонад амнияти энергетикӣ ва суботи нархҳоро барои Малайзия тақвият кунад, аммо ташдиди ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии Русия ва идомаи ҷанги Украина хатарҳои ҷиддӣ барои иҷрои ин қарордодҳоро ба вуҷуд овардааст.

Пойгоҳи хабарии “Free Malaysia Today” дар матлабе навиштааст, ки ҳамлаҳои паҳподии охир ба Маскав ва таъсисоти энергетикии Русия ҳамзамон бо музокироти Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия, бо ин кишвар дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикӣ анҷом шудааст.

Ин гузориш меафзояд, ки тавофуқҳои дарозмуддат бо Русия метавонад амнияти энергетикӣ, суботи нисбии нархҳо ва гуногунсозии манобеи таъмини энергетикии Малайзияро тақвият кунад. Ҳамчунин, ин ҳамкориҳо заминаи тавсеаи шарикӣ дар бахшҳои петрохимия, нуриҳои кимиёвӣ, кишоварзӣ, технология ва омӯзишро фароҳам месозад ва вобастагии Малайзияро ба як шарики тиҷоратии воҳид коҳиш медиҳад.

Бо ин ҳол, “Free Malaysia Today” таъкид мекунад, ки ҷанги Русия ва Украина вориди марҳалае шудааст, ки ҳамлаҳо ба полоишгоҳҳо, анборҳои сӯзишворӣ, марказҳои логистикӣ ва зерсохторҳои саноатии Русияро низ дар бар гирифтааст: таҳаввулоте, ки метавонад ба таври мустақим таъмини энергетикии мавриди ниёзи Малайзияро таҳти таъсир қарор диҳад.

Ба навиштаи ин расона, ҳар гуна осеби пойдор ба зарфияти тавлид, полоиш ё содироти энергетикии Русия паёмадҳое фаротар аз ин кишвар хоҳад дошт ва боиси афзоиши нархи ҷаҳонии энергия, боло рафтани маблағҳои ҳамлу нақл ва ихтилол дар занҷираҳои таъмин мешавад. Ин вазъ метавонад харҷи тавлид, нархи маводи ғизоӣ ва раванди рушди иқтисодиро ҳатто дар кишварҳое монанди Малайзия, ки дар бозори ҷаҳонии энергетикӣ ҳузур доранд, таҳти таъсир қарор диҳад.

Ин гузориш ҳушдор медиҳад, ки қарордодҳои чандсола танҳо дар сурате коромад хоҳанд буд, ки таъмини энержӣ бидуни таваққуф идома ёбад. Дар сурати ташдиди ҳамлаҳо, Малайзия мумкин аст бо таъхир дар таҳвили нафт, бознигарии маҷбурии қарордодҳо ё ҳатто нокомии иҷрои тавофуқҳо рӯбарӯ шавад.

“Free Malaysia Today” ҳамзамон таъкид мекунад, ки Малайзия набояд ҳамкорӣ бо Русияро канор бигузорад, зеро чунин иқдоме ин кишварро аз паёмадҳои ҷанг эмин нигоҳ намедорад, балки имконот ва қудрати манёври дипломатии онро коҳиш медиҳад. Ба навиштаи ин расона, равиши Куала-Лумпур бояд амалгароёна ва бар пояи мудирияти хатар бошад, на мулоҳизаҳои идеологӣ.

Бар асоси ин гузориш, дар шароите ки ҷанг, ноамнии энержӣ ва рақобатҳои геополитикӣ ҳамзамон идома доранд, муваффақияти тавофуқҳои дарозмуддат бо Русия дар гарави мудирияти дақиқи хатар ва ҳифзи тавозун дар сиёсати хориҷӣ хоҳад буд.

Ин расона ҳамчунин, пешниҳод мекунад, ки Малайзия барои коҳиши хатар, қарордодҳои чандир бо бандҳои мушаххас дар бораи шароити пешбининашаванда, бознигарии нарх ва манобеи таъмини энержии худро гуногун созад, захираҳои сӯзишворӣ ва сармоягузорӣ дар энержиҳои таҷдидпазирро афзоиш диҳад ва бо ҳамкории кишварҳои АСЕАН созукорҳои муштараке барои захирасозӣ, харид ва мудирияти буҳрон эҷод намояд.

Ба гузориши расонаҳо, ҷанг алайҳи Эрон ва баста шудани тангаи Ҳурмуз кишварҳои ҷанубу шарқи Осиёро, ки ба воридоти нафт ва газ аз минтақаи Халиҷи Форс вобаста будаанд, бо такони шадиди энержӣ, афзоиши маблағҳои сӯзишворӣ ва ҳамлу нақл ва фишорҳои молӣ рӯбарӯ карда ва давлатҳои минтақаро водор ба бознигарӣ дар роҳбурдҳои амнияти энержӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Малайзия дар чорчӯби роҳбурди тақвияти амнияти энержӣ, бо дарёфти тазмини 20-солаи таъмини нафт ва газ аз Русия ва имзои тавофуқҳои нав барои тавсеаи майдонҳои газии Туркманистон, гоми тозае барои коҳиши осебпазирӣ дар баробари навосони бозори ҷаҳонии энержӣ ва таҳкими ҷойгоҳи худ дар муодилоти энержии Осиё бардоштааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.