Дар Тоҷикистон беш аз 866 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ кардаанд
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад
Бонки ҷаҳонӣ барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани шароити рушди кӯдакон ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад.
Дар ин бора Бонки ҷаҳонӣ хабар дода, таъкид намудааст, ки ин маблағ барои амалӣ намудани ду лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ ва сармояи инсонӣ равона карда мешавад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Гаэл Рабалланд, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон созишномаи маблағгузориро имзо намуданд.
Аз маҷмуи ин маблағ 7,5 миллион доллари он ба соҳаи рушди кишоварзӣ дода хоҳад шуд. Ин маблағ барои анҷом додани бунёди агротехникӣ дар ноҳияи Данғара, муҷаҳҳаз намудани маркази Душанбе бо таҷҳизоти коркард ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаъолияти минбаъдаи ҳар ду марказ истифода мешавад.
Ин бонк мегӯяд, ки қисми дигари маблағ, 34, 5 миллион доллар барои рушди кӯдакону наврасон ҷудо карда мешавад. 30 миллион доллари ин маблағро Ассотсиатсияи байналмимилалии рушд ва 4,5 миллион доллари онро Механизми ҷаҳонии маблағгузорӣ пардохт мекунанд. Ҳадафи он беҳтар намудани саломатии кӯдакону наврасон ва занон гуфта мешавад.
Бо ин маблағгузорӣ доираи фарогирии лоиҳа васеъ шуда, хизматрасониҳо ба чор ноҳияи дигар густариш дода мешавад. Ҳамчунин, барои таъсиси 3000 гурӯҳи томактабӣ шароит фароҳам карда мешавад.
Бар асоси иттилоъ, дар баробари ин, мақомот ният доранд, ки сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва назорати кӯдаконро беҳтар намоянд. Баланд бардоштани малакаи кормандони тиббу ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар низоми арзёбии рушди кӯдакон, аз ҷумла тадбирҳои пешбинишуда хоҳад буд.
Ин барномаҳо барои беҳтар кардани омодагии кӯдакон ба мактаб, рушди солимии онҳо ва фароҳам кардани имкониятҳои бештар барои таҳсилу тарбия мусоидат хоҳад кард.
Ин бонк мегӯяд, ки сармоягузорӣ ба кишоварзӣ, рушди кӯдакон яке василаҳои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва афзоиши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Кореяи Шимолӣ аз озмоиши мушаки баллистикии тактикӣ хабар дод
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад