Мусобиқаи «King’s Cup 2026». Мунтахабҳои Тоҷикистону Уммон рақобат мекунанд
Чопон барои сохмони мактабу беморхона ба Тоҷикистон кумаки бебозгашт кард
Беморхонаи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд
Дар пойтахт корхонаи коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот ифтитоҳ шуд
Оқибати сел дар Панҷакент: 45 хонаи истиқоматӣ, пулҳо, роҳҳо ва чорвову мошинҳо зарар дидаанд
Тибқи иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, бартараф намудани оқибати боришоти шадид ва сел, ки 19-уми июн дар деҳаи Роҷи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент зарари зиёд расонд, идома дорад.
Манбаъ навиштааст, ки ба асари офати табиӣ 45 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон, хонаи фарҳанги деҳа лойоба ва қуму шағал даромада, дар маҷмуъ ба 123 гектар замини кишт, дар масофаи 1200 метр роҳҳои маҳаллӣ зарар дидаанд. Ҳамчунин, 3 пули байни деҳа, 2 пойгоҳи обкашӣ, 10 адад симчӯб ва дар масофаи 2 километр хатти барқ аз байн рафта, 15 сар чорвои калону майда ва 3 мошин нобуд шудаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки бо ҷалби сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҳашарчиён аз деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Амодара 20 манзили истиқоматӣ аз лойоба тоза шуда, дар дигар хонаҳои истиқоматӣ корҳои тозакунӣ идома доранд.
Зикр мегардад, ки дар ин муддат хатҳои барқи зарардида барқарор шуда, ҳоло деҳа бо барқ таъмин мебошад. Давоми ду рӯзи гузашта дар масофаи 120 метр сарбанди ҷӯйе, ки деҳаро бо оби полезӣ ва нӯшокӣ таъмин мекунад, тоза карда, ин кор ҳоло идома дорад.
Гуфта мешавад, ки баҳисобгирии амволи ба асари сел нобудшуда ва зарардидаи сокинон оғоз шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт