14 Ноябр 2026,
шанбе, 18:15, Душанбе
19.06.2026 13:30

Дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии ширкатҳои Суғд муаррифӣ шуданд

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд–2026» баргузор шуд.

Манбаъ, меафзояд, ки дар маросим раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, сафирони давлатҳои хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар намоишгоҳ беш аз 200 ширкати истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии худро муаррифӣ намуданд.

"Ба иштирокдорони намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори соҳаҳои саноат ва кишоварзии вилояти Суғд муаррифӣ гардид. Зимни боздид аз намоишгоҳ меҳмонон бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои вилоят шинос шуда, ба сифат ва гуногунрангии онҳо баҳои баланд доданд", - навиштааст манбаъ.

Зикр мегардад, ки ҳоло дар вилояти Суғд зиёда аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, беш аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад. Ҳамзамон, вилоят бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро густариш дода, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноативу кишоварзиро сол ба сол афзоиш медиҳад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.