3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:32, Душанбе
18.06.2026 11:57

Путин дар дидор бо Фидан: “Равобити Маскав ва Анқара дӯстона ва рӯ ба густариш аст”

Ҳокан Фидан, вазири корҳои хориҷаи Туркия, дар ҷараёни сафари расмӣ ба Русия бо Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар, дар шаҳри Қазон дидор кардааст.

Дар ин дидор, ки рӯзи чоршанбе, 17-уми июн, бо ҳузури Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, ва Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Федератсияи Русия баргузор шудааст, Путин гуфтааст, ки равобити миёни Маскав ва Анқара ба гунаи “пайваста дар ҳоли тавсеа” аст.

Раисҷумҳури Русия афзудааст, ки равобити ду кишвар дигар сирфан расмӣ нест, балки ба сатҳи “равобити дӯстона ва дар ҳоли густариш” расидааст.

Путин ҳамчунин, гуфтааст, ки ин раванд то ҳадди зиёде ба мавзеъгирии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия вобаста аст ва аз Ҳокан Фидан хостааст паёмҳои ӯро ба Эрдуғон интиқол диҳад.

Дар муқобил, вазири корҳои хориҷаи Туркия низ паёмҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Путин интиқол дода ва гуфтааст, ки мавзуъҳои муҳим дар дастури кори ду кишвар қарор доранд ва таҷрибаи Русия дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамият дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.