Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Доир ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир гардид
Имрӯз, 12-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар машварат, ки бо иштироки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва як қатор масъулини давлатӣ ҷараён гирифт, масоили вобаста ба созандагию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳи зимистони оянда баррасӣ шуд.
Дар ин росто, сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сохтмону омодасозии корхонаю муассиса ва иншооти дигар, ки тибқи барномаҳои истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, суръат бахшида шавад.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба зимистони пешомад ва ҳам ба соли хониши 2026-2027 ба тармиму навсозӣ ва таъминоти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод