19 Сентябр 2026,
шанбе, 04:42, Душанбе
09.06.2026 15:45

Сафар ба Чин – таҷрибаи пешрафтаи рӯзгор ва воқеияти ҳайратангези рушд

Сафар ба кишварҳои гуногун як фурсати нодири шиносоӣ бо тарзи зиндагӣ, фарҳанг, сатҳи рушд ва ҷаҳонбинии мардумони дигар аст. Ҳар кишвар хусусияти худро дорад ва ҳар сафар барои инсон як мактаби омӯзиш мебошад. Боздид аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба инсон неру бахшидаву таҷрибаи наву фаромӯшнашаванда меофарад.

Аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд парвози мо ҳамагӣ 45 дақиқа тӯл кашид. Гарчанде ин масофа кӯтоҳ буд, аммо ҳаяҷону интизориҳои мо аз сафари дарпешистода он қадар зиёд буданд, ки вақтро эҳсос намекардем. Баъд аз расидан ба майдони ҳавоии Тошканд мо бояд беш аз шаш соат мунтазири парвози навбатӣ мешудем. Интизории тӯлонӣ барои мусофир ҳамеша санҷиши сабр аст, аммо вақте инсон бо орзуи дидани кишвари афсонавии Чин роҳсипор шудааст, ҳатто чунин соатҳо низ зуд сипарӣ мегарданд.

Ҳадафи сафари  мо боздид аз минтақаҳои шимолу ғарби Синзяни Чин буд. Барои ман ин сафари аввал ба ин минтақа набуд. Пештар низ имкони боздиди Урумчӣ, Турфан ва Қашқарро доштам ва аз ҳамон сафар таассуроти бисёр нек дар хотир монда буд. Аз ҳамин сабаб, орзу доштам бори дар кӯчаҳои дигар минтақаи Синзян қадам занам, биноҳои муосир ва фазои махсуси ин минтақаи шимолу ғарби Чинро бубинам.

Мо пешакӣ медонистем, ки ин навбат барномаи сафар ҷолибтар аст. Қарор буд ба минтақаҳои гуногуни Синзян сафар намуда, бо фарҳанг, анъана, имкониятҳои иқтисодӣ, иқтидори саноатӣ ва таҷрибаи рушди ин минтақа аз наздик шинос шавем.

Урумчӣ – шаҳри тиҷорат ва рушди истеҳсолӣ

Баъд аз чанд соати парвоз ҳавопаймои мо дар майдони ҳавоии нави байналмилалии Урумчӣ нишаст. Ҳанӯз аз тирезаи ҳавопаймо метавонист дид, ки дар ин ҷо корҳои бузурги сохтмонӣ ва инфрасохторӣ анҷом дода шудаанд.

Дар даромадгоҳи фурудгоҳ ташкилкунандагони сафар моро истиқбол гирифтанд. Дар байни онҳо дӯстони қадимии мо низ ҳузур доштанд, ки бо меҳрубонӣ ва самимияти хос моро пешвоз гирифтанд.

Аммо он чизе, ки пеш аз ҳама диққати маро ҷалб кард, фурудгоҳи навбунёд буд. Фурудгоҳи нави Урумчӣ бо бузургӣ, тозагӣ, тарҳу меъморӣ ва сатҳи хизматрасонӣ маро ба ҳайрат овард.

Толорҳои васеъ, равшанӣ, системаи пешрафтаи роҳнамоӣ, тартибу интизом ва тозагӣ дар ҳар қадам эҳсос мешуд. Гӯё ин иншооти азимро барои истиқболи тамоми ҷаҳон бунёд карда бошанд.

Ҳангоми ҳаракат дар долонҳои фурудгоҳ пайваста ба атроф менигаристам. Ҳар ҷузъиёт бо завқи баланд тарҳрезӣ шуда буд. Дар чунин лаҳзаҳо инсон нохудогоҳ дар бораи суръати рушди Чин ва нақшаҳои бузурги он барои оянда фикр мекунад.

Баъд аз анҷоми расмиёти воридшавӣ ва мулоқотҳои аввалия ба меҳмонхона рафтем. Барномаи асосии сафар аз субҳи 1-уми июн оғоз мегардид. Қарор буд дар давоми чанд рӯз аз Сзинхэ, Алашанкоу, Болэ, Вэнсюан ва кӯли машҳури Сайрам боздид намоем.

Сафар ба Сзинхэ

Шаби аввал дар Урумчӣ хеле зуд сипарӣ шуд. Ҳаяҷони сафар намегузошт, ки инсон пурра истироҳат кунад. Субҳи барвақт мо бо ҳамроҳии намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аксаран рӯзноманигор ва фаъолони иҷтимоӣ буданд, бо автобус роҳ сӯйи ноҳияи Сзинхэ пеш гирифтем.

Инҷо мехоҳам як нуктаро қайд кунам, ки чиноиҳо дар назари ман мардуми хеле аҷиб ва қобили эҳтироманд. Солҳои охир борҳо бо намояндагони ин миллат вохӯрдаам ва ҳар дафъа хислатҳои хуби онҳо бештар ошкор мешаванд.

Дӯсти қадимаи мо Василий (номи гузошташудаи русӣ), ки дар ин сафар низ ҳамроҳи мо буд, яке аз он нафаронест, ки тасаввуроти маро нисбат ба мардуми Чин ташаккул додааст. Ӯ ҳамеша боодоб, донишманд, хушмуомила ва масъулиятшинос аст.

Баъзан як нафар метавонад ҳамчун оинаи як миллат хизмат кунад. Василий маҳз чунин шахс аст. Тавассути рафтор ва муносибати ӯ ман чиноиҳоро ҳамчун мардуми босавод, меҳнатдӯст, ростқавл ва инсондӯст шинохтам.

Дигар ҳамсафарони чиноии мо низ дар тамоми муддати сафар мекӯшиданд, ки мо бо беҳтарин хотираҳо аз кишвари онҳо баргардем. Онҳо ба хурдтарин масъалаҳо диққат медоданд, тамоми шароити лозимаро муҳайё мекарданд ва ҳамеша омодаи кумак буданд.

Пас аз тақрибан ҳафт соати роҳ ниҳоят ба яке аз ҷойҳои ҷолибтарини сафари худ - боғи биёбонии Сзинхэ расидем.

Боғи тафреҳӣ дар қалби биёбон 

Ҳангоми ҳаракат ба самти боғ, мусофир чунин эҳсос мекунад, ки дар миёни як биёбони беохир аст: рег, шамол ва танҳо гиёҳҳои парокандаи биёбонӣ дида мешаванд. Дар чунин муҳит кас ҳаргиз интизор нест, ки ногаҳон бо як маҷмааи муосири сайёҳӣ ва агросаноатӣ рӯбарӯ шавад. Аммо маҳз ҳамин ҷо қудрати тафаккури инсон ва технология худро нишон медиҳад.

Ҳанӯз аз дур нишонаҳои аввалини боғ намоён мешаванд ва ҳар қадар наздиктар меравед, ҳамон қадар ҳайрататон бештар мегардад.

Агар сода гӯем, ин боғ дар миёни биёбоне сохта шудааст, ки ғайр аз рег ва чанд навъи растании худрӯй чизи дигаре надорад. Вале чиноиҳо тавонистаанд ин маконро ба як маркази воқеии сайёҳӣ ва истеҳсолӣ табдил диҳанд.

Боғ аз ҷониби ширкати биотехнологии “Тянпан Гою” ташкил шудааст. Ширкат моҳи июли соли 2019 таъсис ёфта, фаъолияти худро аз парвариши меваи машҳури годжи оғоз намудааст.

Имрӯз ин ширкат тамоми занҷираи истеҳсолиро дар ихтиёр дорад: аз парвариши маҳсулот то коркард, бастабандӣ ва фурӯши он.

Ба гуфтаи намояндагони ширкат, танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ даромади он аз як миллион юан (тахминан 147 000 доллари ИМА) зиёд шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 200 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто минтақаҳои биёбонӣ метавонанд ба манбаи рушди иқтисодӣ табдил ёбанд. 

Намояндагони боғ пеш аз оғози саёҳат моро бо таърихи таъсиси он, шароити табиӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи маҷмаа шинос карданд. Ба гуфтаи онҳо, тибқи ривоятҳои маҳаллӣ, дар ҷойе, ки имрӯз ин боғи бузург воқеъ аст, солҳои хеле дур кӯли бузурге мавҷуд будааст. Бо гузашти асрҳо ва тағйир ёфтани иқлим он кӯл тадриҷан хушк шуда, ҷойи онро регзор фаро гирифтааст. Шояд маҳз ҳамин аст, ки реги ин минтақа нисбат ба бисёр биёбонҳои дигар мулоимтар ва барои рушди баъзе навъҳои рустаниҳо мусоидтар мебошад.

Пас аз анҷоми муаррифӣ моро бо мошинҳои махсуси сайёҳӣ ба дохили маҷмаа бурданд. Ҳарорати ҳаво хеле баланд буд. Офтоби Синзян бо шиддати хос ба рӯйи инсон метобад ва агар кас худро муҳофизат накунад, баъди чанд соат таъсири онро эҳсос мекунад.

Аммо ҳатто гармии тоқатфарсо ҳам натавонист диққати моро аз манзараҳои ғайриодӣ дур кунад. Садҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар ин ҷо ҳузур доштанд. Баъзеҳо бо мошинҳои реггард сайр мекарданд, гурӯҳе аксбардорӣ мекарданд ва қисме дигар аз манзараҳои биёбон лаззат мебурданд.

Ҳангоми ҳаракат аз миёни теппаҳои регӣ гоҳе чунин эҳсос мекардӣ, ки дар саҳнаҳои филмҳои машҳури саёҳативу таърихӣ қарор дорӣ. Шебу фарозҳои регзор, ҳаракати шамол, осмони беабр ва фазои ороми биёбон инсонро ба ҷаҳони дигар мебарад.

Дар ҳамин ҷо беихтиёр Тоҷикистон ба хотир меояд. Кишвари мо низ дар дорои минтақаҳои васеи даштӣ ва нимбиёбонӣ мебошад. Аз ҷумла, дашти калони Ашт дар вилояти Суғд аз ҷиҳати манзара ва иқлим ба минтақаҳои Сзинхэ хеле шабоҳат доранд. Вале тафовут дар он аст, ки чиноиҳо тавонистаанд аз чунин муҳит як маҳсулоти иқтисодӣ ва сайёҳӣ эҷод кунанд.

Дар чунин лаҳзаҳо фикр мекунӣ, ки агар таҷрибаи ширкатҳои пешрафтаи чинӣ ба Тоҷикистон ҷалб карда шавад ва сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳои шабеҳи мо низ роҳандозӣ гардад, имкониятҳои бузурги иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд. Зеро имрӯз сайёҳони ҷаҳон на танҳо ба шаҳрҳои бузург, балки ба ҷойҳои ғайриодӣ ва манзараҳои табиии нодир таваҷҷуҳ доранд.

Сафари мо дар ин боғ чанд соат идома кард ва ҳар қадар бештар тамошо мекардем, ҳамон қадар бовар ҳосил менамудем, ки рушди иқтисодӣ пеш аз ҳама аз тафаккур ва муносибат ба имкониятҳо вобаста аст. 

Боздид аз ноҳияи Ҷинфу ва шиносоӣ бо фарҳанги коғазсозии анъанавӣ

Пас аз боздиди боғи биёбонӣ роҳ сӯйи ноҳияи Ҷинфу идома ёфт. Ин минтақа бештар бо ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди санъатҳои анъанавӣ маъруф аст.

Яке аз нуқтаҳои асосии боздиди мо маркази фарҳангии коғазсозӣ буд. Дар назари аввал шояд коғазсозӣ як ҳунари одӣ ба назар расад, аммо вақте вориди ин марказ мешавед, мефаҳмед, ки коғаз дар дасти ҳунарманд метавонад ба асари воқеии санъат табдил ёбад.

Дар толорҳои марказ даҳҳо намунаҳои корҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Аз коғаз гулҳо, ҳайкалчаҳо, нақшу нигорҳои миллӣ, ҳайвоноти афсонавӣ ва ҳатто либосҳои гуногун омода гардида буданд.

Аммо беш аз ҳама либоси арӯсӣ диққати меҳмононро ҷалб мекард. Ин либоси ғайриодӣ пурра аз коғаз омода шуда, дарозии он ба 14 метр мерасид. Ҳангоми диданаш бовар кардан душвор буд, ки тамоми ин зебоӣ аз коғази одӣ сохта шудааст.

Муаллифи либос зимни суҳбат бо мо гуфт, ки барои сохтани он се шабонарӯз бехобӣ кашидааст. Ҳар як ҷузъиёти либос бо даст сохта шудааст.

Ҳунарманд бо ифтихор нақл мекард, ки ин либос имрӯз яке аз машҳуртарин намунаҳои осори марказ ба ҳисоб меравад ва ҳазорҳо нафар барои тамошои он меоянд.

Марказ танҳо маҳалли намоиши осори ҳунарӣ нест. Дар ин ҷо ҳамчунин, курсҳои омӯзишӣ амал мекунанд. Даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус занон, дар вақти холии худ ба ин марказ омада, нозукиҳои коғазсозиро меомӯзанд.

Ин ташаббус аҳамияти иҷтимоӣ низ дорад. Занон на танҳо ҳунар меомӯзанд, балки баъдтар метавонанд маҳсулоти худро ба фурӯш бароранд ва даромади иловагӣ ба даст оранд.

Бонувони ҳамсафари мо низ аз фурсат истифода намуда, дар машғулиятҳои амалӣ иштирок карданд. Онҳо кӯшиш намуданд бо дастони худ шаклҳои гуногуни ороиширо омода созанд.

Гарчанде барои бори аввал буд, вале шавқу ҳаваси онҳо нишон медод, ки чунин ҳунарҳо сарҳад намешиносанд ва метавонанд мардумони гуногунро ба ҳам наздик созанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон низ анъанаҳои бойи ҳунарҳои мардумӣ дорад — аз чакандӯзӣ то кандакорӣ ва атласбофӣ. Агар чунин марказҳои муосири омӯзишӣ ва намоишӣ дар сатҳи васеътар рушд дода шаванд, метавонанд ҳам барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳам барои рушди иқтисодиёти эҷодӣ саҳми назаррас гузоранд.

Заводи истеҳсоли қубурҳо, ки маҳсулоташ ба Тоҷикистон низ меравад

Баъди шиносоӣ бо фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, навбат ба боздид аз як корхонаи бузурги саноатӣ расид.

Ростӣ, пеш аз ворид шудан ба корхона тасаввур мекардам, ки дар он садҳо нафар коргарон дар назди дастгоҳҳо фаъолият мекунанд ва садои техника тамоми биноро фаро гирифтааст. Аммо воқеият тамоман дигар буд. Ҳанӯз аз қадамҳои аввал маълум гардид, ки сухан дар бораи як истеҳсолоти муосир меравад. Ин корхона ба ширкати Alashankou Xinbo Oil and Gas Pipeline Manufacturing Co., Ltd тааллуқ дорад ва яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони қубурҳои кафшерӣ дар Синзян ва ғарби Чин ба ҳисоб меравад.

Он чизе, ки бештар диққати моро ҷалб кард, сатҳи баланди автоматизатсия буд. Тақрибан 90 фоизи тамоми равандҳои истеҳсолӣ бе дахолати мустақими инсон иҷро мешуданд. Дастгоҳҳои азим бо дақиқии баланд кор мекарданд ва кормандон асосан ба назорат ва идоракунии системаҳо машғул буданд.

Дар солҳои охир ҷаҳон ба сӯйи инқилоби чоруми саноатӣ ҳаракат мекунад ва чунин корхонаҳо намунаи воқеии ҳамин раванд мебошанд. Корхона дорои чандин хатҳои истеҳсолии муосир мебошад. Дар ин ҷо қубурҳои кафшерии спиралӣ, қубурҳои ростдарз ва қубурҳои кафшерии басомади баланд истеҳсол мешаванд.

Ғайр аз ин, барои муҳофизати маҳсулот аз зангзанӣ ва нигоҳ доштани ҳарорат низ технологияҳои махсус истифода мешаванд.

Намояндагони ширкат шарҳ доданд, ки маҳсулоти онҳо дар сохтмони шабакаҳои бузурги нафту газ, хатҳои обтаъминкунӣ, канализатсия ва гармидиҳӣ истифода мегардад.

Ширкат дорои як қатор сертификатҳои байналмилалӣ буда, ҳамчун корхонаи баландтехнологӣ эътироф шудааст.

Ҷолиби диққат он буд, ки таҷҳизоти истеҳсолӣ асосан аз навтарин технологияҳои ҷаҳон иборат буданд. Аз ҷумла, дастгоҳҳои рақамии кафшерии Lincoln, системаҳои интеллектуалии назорати сифати дарзҳои кафшерӣ, таҷҳизоти рентгенӣ ва ултрасадоӣ барои муайян намудани нуқсонҳои эҳтимолӣ истифода мешаванд.

Ҳангоми боздид аз хатҳои истеҳсолӣ пайваста ба як чиз диққат медодам: сифати маҳсулот дар ин ҷо танҳо як талаботи техникӣ нест, балки қисми фарҳанги истеҳсолот мебошад.

Ба гуфтаи роҳбарияти ширкат, бисёре аз кормандони калидӣ беш аз 20 сол таҷрибаи корӣ доранд ва дар иҷрои лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок намудаанд.

Барои мо, ҳамчун намояндагони Тоҷикистон, боз як маълумот махсусан ҷолиб буд. Маълум гардид, ки қубурҳои истеҳсолии ин ширкат солҳои охир ба Тоҷикистон низ содирот мешаванд ва ширкат дар чандин лоиҳаи муштараки инфрасохторӣ иштирок кардааст. Ин далел нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин дар баробари сатҳи сиёсӣ, инчунин, дар сатҳи истеҳсолӣ ва саноатӣ низ пайваста густариш меёбанд.

Роҳи оҳани байналмилалии Алашанкоу: Салом ба Аврупо

Баъд аз шиносоӣ бо саноат ва истеҳсолот роҳ ба сӯйи гузаргоҳи Алашанкоу гирифтем, ки дар Синзян ҷойгир аст ва яке аз муҳимтарин нуқтаҳои роҳи оҳани байналмилалии Чин–Аврупо мебошад. Бинои асосии гузаргоҳи роҳи оҳан моҳи августи соли 2003 сохта шуда, моҳи августи соли 2004 ба истифода дода шудааст.

Вазифаи асосии ин инфрасохтор мубодилаи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, қабул ва барасмиятдарории борҳо, ҷамъоварии пардохтҳо ва коркарди гумрукӣ барои қатораҳои “Чин–Аврупо” мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонии гумрукӣ ва роҳи оҳан ҷойгир мебошанд, дар ошёнаи дуюм ширкатҳои брокерӣ фаъолият мекунанд, ки ба барасмиятдарории гумрукии воридот ва содироти молҳо машғуланд.

Имрӯз дар ин гузаргоҳ 94 роҳи оҳани паҳно ва стандартӣ сохта шудааст. Иқтидори қабул ва фиристодани қатораҳо дар як шабонарӯз барои ҳар як навъи роҳи оҳан 24 ҷуфт аст, вале шумораи миёнаи қатораҳои гузаранда то ба 35 таркиб дар як рӯз мерасад.

Намояндаи ширкат гуфт: “Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва кори мунтазами долони тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳои баланд бардоштани қобилияти гузариш ва самаранокии гузаргоҳ пурра амалӣ гардидаанд.”

Илова бар ин, сохтмон ва навсозии як қатор иншооти инфрасохторӣ идома дорад: хатти дуюми роҳи оҳани Чин–Аврупо, майдони назоратии мукаммали минтақаи T-и гузаргоҳи роҳи оҳан, истгоҳҳои тақсимкунӣ ва таҷдиди хатҳои махсуси роҳи оҳан.

Дар натиҷа пешбинӣ шудааст, ки иқтидори гузаргоҳ аз 20 миллион тонна бор ба 60 миллион тонна бор дар як сол афзоиш ёбад. Ҳамзамон мақомоти гуногун - гумрук, роҳи оҳан ва идораҳои бандарӣ ҳамкории худро пайваста тақвият медиҳанд ва сохтмони “бандари рақамӣ”-ро фаъолона пеш мебаранд.

Барасмиятдарории борҳо дар ин гузаргоҳ 365 рӯз ва 24 соат, яъне ҳамеша бо низоми пешакии фармоиш додан амалӣ мешавад. Принсипи “як ҳуҷҷат - то барасмиятдарории ниҳоӣ, хизматрасонӣ дар як равзана” пурра татбиқ шудааст ва сатҳи истифодаи низоми “равзанаи ягона” дар тиҷорати байналмилалӣ ба 100% расидааст.

Анбори контейнерии роҳи оҳан дар Алашанкоу

Дар минтақаи борфарории стансияи Алашанкоу бузургтарин анбори пӯшидаи борфарории контейнерӣ дар Осиё ҷойгир аст - анбори №23, ки ба ширкати China Railway Urumqi Group Co., Ltd. тааллуқ дорад. Ин анбор дар моҳи октябри соли 2008 ифтитоҳ шуда, дар дарозии 822,8 метр бо масоҳати умумии 22 600 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар дохили анбор як хатти роҳи оҳани паҳно ва як хатти стандартӣ сохта шудааст. Майдонҳои контейнерӣ барои нигоҳдорӣ ва борфарорӣ мавҷуданд ва бо чор кранҳои пӯлодӣ бо иқтидори 40 тонна муҷаҳҳаз гардидаанд, ки имкон медиҳад контейнерҳоро мустақиман аз як вагон ба вагони дигар гузаронанд. Қобилияти лоиҳавии анбор тақрибан 200 000 контейнер дар як сол мебошад.

Системаи локомотивҳо ва ҳаракати вагонҳо дар ин анбор ба таври пурра оптимизатсия шудааст, то қатораҳои боркашии “Чин–Аврупо” бетаваққуф ва бо суръати баланд ҳаракат кунанд. Вақти санҷиши қатораҳо ҳангоми убури сарҳад коҳиш дода шудааст ва ҳамоҳангсозии ҷадвалҳо бо Қазоқистон ба таври мушаххас амалӣ мегардад.

Маркази байналмилалии тафреҳи ронандагони Чин ва Қазоқистон

Дар шаҳри Алашанкоу боз як нуқтаи ҷолиб - Маркази байналмилалии тафреҳи ронандагони Чин ва Қазоқистон қарор дорад. Дар ин ҷо мо бо як тоҷики ронандаи меҳнатдӯст аз Бухоро - Шерзод, вохӯрдем, ки зиёда аз 10 сол ба боркашонӣ машғул будааст. Ӯ гуфт, ки ҳар бор ба марказ меояд, истироҳат мекунад ва хастагиҳои роҳро бартараф месозад.

Марказ расман моҳи июни соли 2025 ба истифода дода шуда, масоҳати умумии он тақрибан 250 метри мураббаъ аст. Дар дохил минтақаи хониш ва истироҳат, мини-маркет, ҷомашӯӣ, ҳаммом ва ошхонаи умумӣ мавҷуд аст. Дар беруни марказ минтақаи истироҳат ва таваққуфгоҳи ройгон ташкил шудааст.

Марказ барои ронандагон хизматрасониҳои қулай ва мукаммал пешниҳод мекунад. Илова бар ин, бренди байналмилалии ихтиёриёни “Роҳи Абрешими тиллоӣ” низ дар марказ рушд дода шуда, дастаи касбӣ иборат аз 152 волантёр ташкил шудааст.

Ҳамзамон дар марказ машваратҳо оид ба масъалаҳои молиявии фаромарзӣ, курсҳои таъмири автомобил, омӯзиши ёрии аввал ва санҷиши ройгони воситаҳои нақлиёт пешниҳод мешаванд. Дар як сол ба зиёда аз 13,5 ҳазор ронандаи хориҷӣ аз Чин, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо хизматрасонӣ карда мешавад.

Хулосаи ин бахш

Баъд аз боздид ва шиносоӣ бо минтақаҳои саноатӣ, боғи биёбонӣ ва гузаргоҳи байналмилалӣ ва ғайра ҳар сайёҳ хулоса мекунад, ки сафар ба Чин на танҳо имконияти дидан ва омӯзиш, балки таҷрибаи пурқимати фарҳангӣ ва инсониятшиносӣ низ мебошад. Мардуми Чин бо меҳрубонӣ, одоб ва рафтори масъулиятпазир моро истиқбол карданд. Дар назари ман, таҷрибаи шахсии дӯстам Василий, ки ҳамчун намояндаи миллат барои мо намуна гардид, бароям рамзи фарҳанг ва хислати мардумони Чин буд. Ҳар ҳамсуҳбат ва ҳамсафри мо низ аз рафтор ва меҳрубонии чиниҳо ба ҳайрат омада, бо эҳтироми зиёд ба ин кишвар назар карданд.

Дар ин сафар бароям равшан гардид, ки ташкили сафар ва барномаҳои он бо нақшаи дақиқ ва муомилаҳои мукаммали ташкилӣ, аз қабули меҳмонон то роҳбаладӣ ва ҳамоҳангсозии минтақаҳои сафар як таҷрибаи беназир барои омӯзиши роҳҳои тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамзамон фароҳам овардани имкониятҳои рушди тиҷорат мебошад. Масалан, боғи биёбонии Сзинхэ ва заводҳои қубурсозӣ на танҳо аз назари иқтисодӣ, балки аз нуқтаи назари экологӣ ва технологӣ низ ҷолибанд. Ин таҷриба нишон дод, ки рушди саноат ва ҳифзи муҳити атроф метавонанд ҳамзамон амалӣ шаванд ва ба сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод гарданд.

Роҳҳои оҳани “Чин–Аврупо” ва гузаргоҳи Алашанкоу нишон доданд, ки ҳамоҳангсозии ҳамлу нақл ва усулҳои пешрафтаи логистикӣ метавонанд нақши ҳалкунанда дар рушди тиҷорат ва ҳамкории фаромарзӣ дошта бошанд. Анборҳои контейнерӣ ва маркази тафреҳи ронандагон намунаи равшани татбиқи технологияҳои муосир ва хизматрасонии инсонӣ мебошанд, ки ҳамзамон самаранокии ҳаракати молҳоро таъмин мекунанд.

Дар маҷмуъ, ин бахши сафарам,  бароиям таҷрибаи бой ва пурқимат гардид. Ман на танҳо бо ҷойҳои ҷолиб ва фарҳанги беназири Чин шинос шудам, балки фаҳмидам, ки ҳамоҳангсозии самаранок ва рафтори инсониятдӯстона метавонанд роҳро барои рушди иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамвор созанд. Ин сафар маро водор сохт, ки дар бораи имкониятҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои чинию байналмилалӣ ва рушди минтақаҳои кишвар бо назароти васеътар фикр кунам.

Сафари мо ба Чин - аз Душанбе то Урумчӣ, Болэ ва Алашанкоу фаҳмиши амиқи фарҳанг ва иқтисоди минтақаи Синзянро ба ман дод. 

Мазбут Қосимов, рӯзноманигор

(идома дорад)

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.