27 Сентябр 2026,
якшанбе, 05:47, Душанбе
12.06.2026 08:29

Ҷоми ҷаҳонии 2026 бо се маросими ифтитоҳ дар Амрико, Канада ва Мексика оғоз шуд

Ҷоми ҷаҳонии футбол бо баргузории маросимҳои ифтитоҳ дар се кишвари мизбон - Амрико, Канада ва Мексика, оғоз мешавад. Ин рақобатҳо, ки барои нахустин бор бо ҳузури 48 тим баргузор хоҳад шуд, бузургтарин давраи таърихи Ҷоми ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва дар маҷмуъ 104 мусобиқаро дар 16 шаҳри гуногун мизбонӣ хоҳад кард.

Ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ шоми панҷшанбе, 11-уми июн бо дидори ифтитоҳӣ миёни Мексика ва Африқои Ҷанубӣ дар “Мексика Сити” оғоз шуд ва бозӣ бар ҳисоби 2 бар 0 ба ғалабаи дастаи мизбон – Мексика ба поён расид.

Баргузоркунандагони Ҷоми ҷаҳонӣ барои нахустин бор се маросими ифтитоҳи ҳампайвандро дар кишварҳои мизбон тарҳрезӣ кардаанд. Ин барномаҳо бо як мавзуи муштарак, яъне “Қудрати футбол дар муттаҳид сохтани мардум”, баргузор мешавад ва ҳамзамон фарҳанг, ҳувият ва санъати ҳар яке аз кишварҳои мизбон ба намоиш гузошта мешавад.

Марко Балич, таҳиягар ва коргардони ҳунарии чандин маросими ифтитоҳи олимпиада, масъули тарҳрезӣ ва иҷрои ин барномаҳо мебошад.

Мексика нахустин мизбони Ҷоми ҷаҳонии 2026 хоҳад буд. Маросими ифтитоҳ дар Варзишгоҳи “Атстека”-и “Мексико-Сити” бо ҳузури шуморе аз ҳунармандони маъруфи ин кишвар ва иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва мусиқӣ баргузор шуд.

Дар Канада низ маросими ифтитоҳ дар шаҳри Торонто баргузор хоҳад шуд. Ин барнома бо тамаркуз бар гуногуншаклии фарҳангии ин кишвар ва бо ҳузури ҳунармандони шинохташудаи канадоӣ ҳамроҳ хоҳад буд. Тими миллии Канада дар нахустин бозии худ дар хоки ин кишвар, бо Босния ва Гертсогавина рӯбарӯ мешавад.

Амрико низ маросими махсуси худро дар Лос-Анҷелес баргузор мекунад. Баргузоркунандагон гуфтаанд, ки ин маросим бо истифодаи технологияҳои тасвирӣ, мусиқӣ ва фарҳангӣ, намоиши ҷойгоҳи Амрико дар фарҳанг ва санъати муосири ҷаҳонро пешкаш мекунад. Дар идома, тими миллии Амрико нахустин мусобиқаи худро дар баробари Парагвай анҷом медиҳад.

Ҷанни Инфантино, раиси ФИФА, гуфтааст, ки маросимҳои ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии 2026 кӯшише барои пайванд додани фарҳанг, мусиқӣ ва футбол аст ва ҳамзамон ваҳдати се кишвари мизбон ва миллионҳо мухлисони футбол дар саросари ҷаҳонро таҷассум мекунад.

Ҷоми ҷаҳонии 2026 нахустин давраи ин рақобатҳо бо ҳузури 48 тим хоҳад буд: рақобатҳое, ки интизор меравад аз ҷиҳати теъдоди бозиҳо, тамошобинон ва инъикоси он дар васитаҳои ахбори омма, бузургтарин рӯйдоди таърихи футбол дар ҷаҳон бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.