Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Афғонистон ҳафтумин кишвари ноамни ҷаҳон дар шохиси сулҳи ҷаҳонии соли 2026 шинохта шуд
Бар асоси баррасиҳои шохиси сулҳи ҷаҳонии соли 2026, Афғонистон ҳафтумин кишвари ноамни ҷаҳон шинохта шудааст.
Шохиси сулҳи ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе, 11-уми июн бо нашри гузорише гуфтааст, ки аз миёни 163 кишвари мавриди баррасӣ дар ин шохис, Афғонистон дар миёни ҳафт кишвари охири ҷадвал қарор дорад.
Бар асоси шохиси сулҳи ҷаҳонӣ, баъд аз Афғонистон кишварҳои Судони Ҷанубӣ, Исроил, Украина, Ҷумҳурии Демократии Конго, Судон ва Русия дар охири ҷадвал қарор гирифтаанд.
Аз маҷмуи 163 кишвар, 99 кишвар бо коҳиши сатҳи сулҳ ва 92 кишвар бо беҳбуди вазъияти сулҳ рӯбарӯ шудаанд.
Дар ин гузориш, ҳамчунин, омадааст, ки 119 кишвар нисбат ба соли 2008 ноамнтар шудаанд.
Ин шохис таъкид кардааст, ки раванди коҳиши сулҳ дар ҷаҳон ҳамчунон идома дорад ва даргириҳои мусаллаҳона яке аз омилҳои аслии ин вазъият ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод