25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
11.06.2026 11:52

Фаришта Аббосӣ: “Даъвати Толибон ба Аврупо иштибоҳ аст”

Фаришта Аббосӣ, пажӯҳишгари бахши Афғонистон дар Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch – HRW) гуфтааст, ки даъвати Комиссияи Аврупо аз ҳайати гурӯҳи террористии Толибон барои ширкат дар гуфтугӯҳои муҳоҷиратӣ, дар замони номуносиб, “пайёми нодуруст”-ро мунтақил мекунад.

Аббосӣ рӯзи 10-уми июн гуфтааст, ки Афғонистон ҳамчунон бо яке аз шадидтарин буҳронҳои ҳуқуқи башарӣ дар ҷаҳон рӯбарӯ аст ва занону духтарон дар ин кишвар таҳти табъиз ва саркӯби ниҳодинашуда қарор доранд.

Ӯ таъкид кардааст, ки ҳар гуна тавофуқи муҳоҷиратӣ бо Толибон метавонад заминасози бозгардондани иҷборӣ ва ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон ба кишваре шавад, ки ба гунаи возеҳ ноамн аст.

Фаришта Аббосӣ гуфтааст, ки чунин раванд мумкин аст бо уҳдадориҳои байналмилалии кишварҳо дар тазод бошад: уҳдадориҳое, ки бозгардондани афрод ба маконҳои дар маърази шиканҷа, хатари ҷиддӣ ё рафтори ғайриинсониро манъ мекунад.

Аббосӣ ҳушдор додааст, ки Афғонистон барои бисёре аз шаҳрвандон, ба вижа занон ва духтарон, ба фазое аз маҳдудият, табъиз ва маҳрумияти густарда аз ҳуқуқи асосӣ табдил шудааст.

Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, то дар тасмимҳои вобаста бо муҳоҷират ва ҳамкорӣ бо Толибон, вазъияти ҳуқуқи башар ва хатарҳои мавҷуд барои шаҳрвандони Афғонистонро ҷиддӣ дар назар бигиранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.