3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:35, Душанбе
10.06.2026 15:14

Захарова: “Интихоботи Арманистон бо фишорҳои бесобиқа бар мухолифон баргузор шуд”

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар иртибот бо интихоботи охир дар Арманистон изҳор дошт, ки ин интихобот бо фишори бесобиқа бар гурӯҳҳои мухолиф (оппозитсия) ва дахолати кишварҳои ғарбӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Мария Захарова рӯзи 10-уми июн дар гуфтугӯе бо “Спутник” таъкид кардааст, ки интихобот дар Арманистон бо фишори бесобиқа аз сӯйи мақомоти ҳоким бар гурӯҳҳои мухолифон ва дахолати кишварҳои ғарбӣ баргузор шуд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия хотирнишон кард, ки дар тӯли ҳудуди 10 соли гузашта дар Арманистон “қутбисозии бисёр шадид” рух додааст.

Вай дар идома таъкид кард, ки мардуми Арманистон ба таври ошкоро тавсеаи тадриҷии равобити дуҷонибаи Маскав ва Ереван ва идомаи ҳузури Арманистон дар иттиҳодияҳои Авруосиёиро хосторанд.

Ин дипломати аршади рус таъкид кард, ки Русия ҳамвора ба як Арманистони мустақил ва дорои ҳокимият алоқаманд будааст.

Захарова бо ишора ба ин, ки мардуми Арманистон барои шаҳрвандони Русия ҳамчунон “бародар” ҳастанд, изҳор дошт, ки Маскав ба ҳамин далел ҳамеша барои онҳо орзуи сулҳ ва рифоҳ доштааст.

Ба гузориши расонаҳо бар асоси натиҷаи эъломшуда аз сӯи Комиссияи марказии интихоботи Арманистон, ҳизби ҳоким ба раҳбарии Никол Пашинян тавонист ҷойгоҳи худро дар сохтори сиёсии кишвар ҳифз кунад ва аз рақибони аслии худ пеш гузарад.

Натиҷаи интихоботи парлумонии Арманистон бори дигар ҷойгоҳи ин кишварро дар рақобати геопалитикии Русия ва Ғарб дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Ҳарчанд ҳизби ҳоким тавонист мавқеияти худро ҳифз кунад, аммо ояндаи равобити Ереван бо Маскав, Ғарб ва ҳамчунин, раванди сулҳ дар Қафқози Ҷанубӣ ҳамчунон ба яке аз муҳимтарин пурсишҳои минтақа табдил шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.