27 Сентябр 2026,
якшанбе, 05:46, Душанбе
10.06.2026 14:47

Рӯзи ҷаҳонии гуфтугӯи тамаддунҳо. Гутерриш: “Гуфтугӯ моро барои ҷаҳони сулҳомезтар муттаҳид мекунад”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар пайванд ба Рӯзи ҷаҳонии гуфтугӯи тамаддунҳо, гуфтааст, ки гуфтугӯ ин қудратро дорад, ки моро барои ҷаҳони одилонатар ва сулҳомезтар дубора муттаҳид кунад.

Созмони Милал, рӯзи чоршанбе, 10-уми июн, паёми Антониу Гутерришро дар пайванд ба Рӯзи ҷаҳонии гуфтугӯи тамаддунҳо барои соли 2026 мунташир кардааст.

Дар ин паём, дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, ки муноқишаҳо дар ҳоли афзоиш аст.

Ӯ афзудааст: “Аммо масире барои пешрафт вуҷуд дорад: гуфтугӯ, гуфтугӯ байни миллатҳо, байни фарҳангҳо ва байни динҳо”.

Гутерриш ҳамчунин, гуфтааст, ки вақте гӯш медиҳем, суҳбат мекунем ва иртибот барқарор мекунем, муқовиматро бо ҳамкорӣ ва танишро бо эътимод ҷойгузин мекунем.

Дабири кулли Созмони Милал таъкид кардааст, ки “тағйир бо зеҳнҳои боз ва қалбҳои боз оғоз мешавад”.

Созмони Милали Муттаҳид 10-уми июнро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии гуфтугӯи тамаддунҳо номгузорӣ кардааст, то фурсате барои тарвиҷи дарки мутақобил, ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва гуногунии тамаддунҳо бошад.

Dialog,tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.