3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:34, Душанбе
09.06.2026 08:35

Мақоми рус: “Номаи саргушодаи Зеленский ба Путин як таҳрики бемаъно буд”

Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал дар изҳороте бо ишора ба номаи саргушодаи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар бораи музокироти мустақим, таъкид кард, ки ин нома як таҳрики бемаъно буд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Небензя дар ҷараёни суханронии худ дар ҷаласаи Шурои Амният, ки ба дархости Украина ва бо ҳимояти кишварҳои аврупоӣ баргузор шуда буд, эълом кард: “То замоне ки Зеленский бо забони беадабона ва ултиматум бо мо сухан мегӯяд, наметавонем дар бораи музокираҳои воқеӣ суҳбат кунем”.

Вай афзуд: “То замоне, ки Зеленский пурра дарк накарда бошад, ки хато кардааст ва барои фиреби дигарон далелҳои зоҳиран мантиқӣ, аммо нодуруст меорад, мо на аз тариқи сиёсӣ ва дипломатӣ, балки аз тариқи низомӣ ба ҳадафҳои худ хоҳем расид”.

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал дар идома бо ишора ба номаи саргушодае, ки Зеленский дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда ва дар он ба Путин пешниҳоди музокироти мустақим дар як кишвари сеюм барои поён додан ба ҷанг дода буд, хотирнишон кард: “Ин иқдоми раиси ҷумҳури Украина ба ҳеч ваҷҳ як ибтикори сулҳ нест, балки яке аз талошҳои ноумедонаи Зеленский барои эҷоди ин тасвир дар расонаҳо аст, ки ӯ хоҳони сулҳ аст, аммо Путин ба он майл надорад”.

Небензя дар анҷом ёдовар шуд: “Агар Зеленский хоҳони гуфтушунид аст, бояд пеш аз навиштани чунин нома, аввал фармони раёсати ҷумҳурии худро, ки дар октябри 2022 ҳар гуна музокира бо Путинро манъ карда буд, лағв мекард”.

Ба гузориши расонаҳо Зеленский пештар дар номаи саргушода ба ҳамтои руси худ навишта буд, ки ба вохӯрии рӯбарӯ ва барқарории “оташбаси комил” омодагӣ дорад.

Раиси ҷумҳури Украина дар ин нома навиштааст: “Украина ба поён додан ба ин ҷанг аз тариқи ҳамкории мустақим миёни мову шумо пешниҳод мекунад. Ман пешниҳоди як вохӯрӣ мекунам.

Украина барои барқарории оташбаси комил дар тӯли музокираҳо омода аст”.

Раиси ҷумҳури Украина дар номаи саргушодаи худ навиштааст: “Мо мебинем, ки Амрико тамоми таваҷҷуҳи худро ба масъалаи Эрон равона кардааст ва ин хато аст, ки интизор шавем таваҷҷуҳи Амрико ба ҷанг дар Аврупо баргардад”.

Путин дар вокуниш ба ин нома гуфта буд, ки ҳеч далел барои вохӯрӣ бо Зеленский вуҷуд надорад.

Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин, таъкид кард, ки ин нома дорои калимаҳои “беадобона” буда ва онро рад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.