Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Дмитриев: "Аврупо барои бақо ба Русия ниёз дорад"
Кирилл Дмитриев, намояндаи махсуси раиси ҷумҳури Русия дар умури сармоягузорӣ, гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо дар натиҷаи буҳрони кунунии энергетикӣ ба сӯи воқеиятпазирии бештар ҳаракат кардааст ва дар ҳоли ислоҳи он чизе аст, ки ӯ "хатоҳои гузашта" номидааст.
Дмитриев ин изҳоротро рӯзи якшанбе, 31-уми май, дар "Х" дар ҷавоб ба гузориши "Блумберг " ("Bloomberg") иброз доштааст.
Ӯ дар паёми худ навиштааст: "Ҳамин тавр, ки пешгӯӣ шуда буд, буҳрони энергетикии Иттиҳоди Аврупо онро маҷбур мекунад, воқеиятпазиртар шавад ва хатоҳои гузаштаи худро ислоҳ кунад. Аврупо барои бақо ба Русия ниёз дорад".
Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли баррасии вариантҳо барои тағйир ё муваққатан боздоштани сатҳи болоии нархи нафти Русия аст.
"Bloomberg" гузориш додааст, ки Иттиҳоди Аврупо соли гузашта механизме барои муқаррар кардани сатҳи болоии нархи нафти "Урал"-и Русия эҷод кард, ки бар асоси он нархи ин нафт 15 фоиз поёнтар аз нархи бозор ва ба таври даврӣ танзим мешавад.
Ин нафт ҳоло 60 доллар барои ҳар бочка арзиш дорад ва қарор аст дар тобистони оянда бозбинӣ шавад.
Дар ин гузориш омадааст, ки афзоиши танишҳо дар минтақа ва нигарониҳо аз монеаҳо дар масирҳои энергетикӣ, аз ҷумла тангаи Ҳурмуз, боис ба болоравии нархи ҷаҳонии нафт шудааст.
Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ аз эҳтимоли болоравии сатҳи боло ба 65 доллар, вариантҳои муқаррар кардани сатҳи ҷорӣ ё муваққатан боздоштани ин механизмро низ баррасӣ мекунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка