Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҳушдори Русия дар мавриди афзоиши ҳузури неруҳои амрикоӣ дар Лаҳистон
Русия ҳушдор дод, ки афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Лаҳистон метавонад танишҳо байни Маскав ва Ғарбро шиддат бахшад ва иқдомҳои интиқомҷӯёна дошта бошад.
Ба гузориши “Рейтерз”, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ҷойгиркунии неруҳои иловагии амрикоӣ дар Лаҳистон нишондиҳандаи “интенсивизатсияи сифати” танишҳо хоҳад буд.
Изҳороти Захарова пас аз он садо дод, ки мақомҳои Лаҳистон ҳафтаи гузашта аз ҷойгиркунии 5000 неруи низомии амрикоӣ дар кишварашон истиқбол карданд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ин иқдом то ҳадде ба сабаби робитааш бо Карол Навроский, раиси ҷумҳури Лаҳистон сурат хоҳад гирифт.
Мақомҳои Лаҳистон ин қарорро хабари мусбат барои амнияти фароатлантикӣ тасвир карданд ва эълом доштанд, ки ин амр дифои кишварашонро тақвият хоҳад дод.
Ба назар мерасад, ки ин изҳорот баръакси баёнияҳои пешини Вашингтон дар бораи эҳтимоли коҳиши сатҳи неруҳои амрикоӣ дар саросари Аврупо аст.
Владислав Косиняк-Камиш, муовини нахуствазир ва вазири дифои Лаҳистон гуфт, ҷузъиёти ҷойгиркунии ин неруҳо аз ҷониби Пентагон, фармондеҳии неруҳои амрикоӣ дар Аврупо ва коршиносони низомӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Трамп дар шабакаи “Truth Social” навишт: “Бар асоси интихоби муваффақонаи Карол Навроский, раиси ҷумҳури феълии Лаҳистон, ки ман ифтихор доштам аз ӯ дастгирӣ кунам, хушҳол ҳастам эълом кунам, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико панҷ ҳазор неруи иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад”.
Лаҳистон, ки ҳаммарз бо Украина аст, яке аз меҳварҳои асосии ҳузури низомии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар канори шарқии ин иттиҳод ба шумор меравад ва дар солҳои охир нақши муҳим дар боздорандагӣ дар баробари Русия доштааст.
Шон Парнелл, сухангӯи Пентагон эълом кард, ки ин қарор пас аз як “раванди ҳамаҷониба” гирифта шудааст ва ногаҳонӣ набудааст. Бо вуҷуди ин, шуморе аз намояндагони болоии Конгресс ин шарҳро қабул накарданд.
Эъломи Трамп барои фиристодани панҷ ҳазор неру ба Лаҳистон дар ҳоле аст, ки Амрико гуфта буд, ки неруҳои худро дар Аврупо коҳиш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка