Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард
Афроди мусаллаҳ дар ду ҳамла дар Нигерия 25 нафарро рабуданд
Дар идомаи ноамниҳо дар Нигерия, афроди мусаллаҳ дар ду ҳамлаи ҷудогона дар иёлати Квара, 25 нафарро рабуда ва се нафари дигарро куштаанд.
Хабаргузории “Рейтерз”, рӯзи душанбе, 25-уми май гузориш додааст, ки афроди мусаллаҳ бомдоди якшанбе бар як маркази полис ва қасри як ҳокими маҳаллӣ дар минтақаи Яшикираи иёлати Квара ҳамла кардаанд.
Бар асоси гузориш, ҷинояткорон пас аз ҳамла ба маркази полис, бахшҳое аз қасри амири Яшикираро ба оташ кашида ва 10 нафар аз сокинони маҳалро бо худ бурдаанд.
Полиси иёлати Квара гуфтааст, ки неруҳои амниятӣ муваффақ шуданд ҳамла бар маркази полисро пешгирӣ кунанд, аммо ҷинояткорон пас аз рабудани афрод, ба макони номаълуме фирор кардаанд.
Дар рӯйдоди дигар, афроди мусаллаҳ шоми ҷумъа бар як маросими дуои шабона дар минтақаи Экитии ин иёлат ҳамла кардаанд.
Полис гуфтааст, ки ҷинояткорон бо тирандозӣ бар иштироккунандагони ин маросим, се танро кушта ва 15 тани дигарро рабудаанд.
Мақомҳои амниятии Нигерия гуфтаанд, ки амалиёти муштараке бо ҳамкории артиш, неруҳои маҳаллӣ ва воҳидҳои вижа барои ҷустуҷӯи қурбониён ва боздошти омилони ин ҳамлаҳо оғоз шудааст.
Дар солҳои охир, ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва одамрабоӣ барои дарёфти пул дар минтақаҳои шимолӣ ва марказии Нигерия афзоиш ёфта ва нигарониҳо аз густариши ноамнӣ дар ин кишварро бештар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад