Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Равобити Чин ва Амрико: Доналд Трамп бо раиси ҷумҳури Тайван дар бораи фурӯши аслиҳа гуфтугӯ мекунад
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки дар бораи эҳтимоли фурӯши таслиҳоти низомӣ, бо Лай Чинг-те, раиси ҷумҳури Тайван гуфтугӯ хоҳад кард.
Расонаи “Би-би-сӣ”, рӯзи панҷшанбе, 21-уми май гузориш додааст, ки Доналд Трамп ин мавзуъро чанд рӯз пас аз сафар ба Чин эълом кардааст.
Бар асоси гузориш, тасмими раиси ҷумҳури Амрико метавонад фосилагирии ошкор аз суннати дипломатии чанд даҳаи гузаштаи Иёлоти Муттаҳида бошад.
Раҳбарони Амрико ва Тайван аз соли 1979 то кунун ба таври мустақим бо якдигар гуфтугӯ накардаанд: соле, ки Вашингтон равобити расмии худро бо Тайван қатъ кард, то давлати Чинро ба расмият бишносад.
Чин Тайванро бахше аз қаламрави худ медонад ва ҳаргиз истифода аз зурро барои тасарруфи он рад накардааст.
Иёлоти Муттаҳида муддатҳост аз Тайван ҳимоят мекунад, аммо ҳамзамон бояд миёни ин ҳимоят ва ҳифзи равобити дипломатӣ бо Чин тавозун барқарор кунад.
Доналд Трамп пас аз нишасти дурӯзаи ҳафтаи гузашта дар Пекин равобити худро бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, “фавқулода” тавсиф карда буд.
Бо ин ҳол, дар ҷараёни сафари Трамп ба Пекин, Чин ошкоро эълом карда буд, ки масъалаи Тайван яке аз муҳимтарин мавзуъҳо дар равобиташ бо Амрико аст ва Си Ҷинпин ҳушдор дода буд, агар ин масъала мудирияти бад шавад, метавонад миёни ду абарқудрат “даргирӣ” эҷод кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад