Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Си Ҷинпин: “Ҳамаи даргириҳо дар Ховари Миёна бояд фавран поён ёбад”
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин гуфтааст, ки минтақаи Халиҷи Форс дар Ховари Миёна, дар нуқтаи ҳассос миёни ҷанг ва сулҳ қарор дорад ва ҳамаи иқдомҳои хасмона бояд фавран боздошта шавад.
Хабаргузории “Синхуа” рӯзи чаҳоршанбе, 20-уми май хабар дода, ки Си Ҷинпин ин суханонро ҳангоми дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баён кардааст.
Владимир Путин рӯзи гузашта дар як сафари дурӯза вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.
Си Ҷинпин таъкид кардааст, ки бояд аз оғози дубораи даргириҳо ҷилавгирӣ шавад ва музокирот идома пайдо кунад.
Раиси ҷумҳури Чин гуфтааст: “Поёни зуди ин даргирӣ сабаби коҳиши ихтилол дар суботи таъмини энергетика, амаликарди занҷираҳои саноат ва назми тиҷорати байналмилалӣ хоҳад шуд”.
Ӯ ҳамчунин, афзудааст, ки чаҳор пешниҳод дар бораи ҳифз ва тақвияти сулҳ ва субот дар Ховари Миёна ироа кардааст, то хусуматҳо поён ёбад ва ба коҳиши танишҳо кумак кунад.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз сафари Путин ба Чин, Пекин барои ду рӯз мизбони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка