Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Иттиҳоди фаъолони ҳуқуқи башари Афғонистон: даъвати Толибон ба Аврупо як тасмими “дипломатии хатарнок” аст
Иттиҳоди фаъолони ҳуқуқи башари Афғонистон дар вокуниш ба эҳтимоли даъвати гурӯҳи террористии Толибон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки ин тасмим як иқдоми “дипломатии хатарнок” аст ва метавонад паёмадҳои амниятии ҷуброннопазир барои Аврупо дошта бошад.
Иттиҳоди фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзи сешанбе, 19-уми май дар баёнияе нисбат ба хатарҳои даъвати Толибон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел ҳушдор додааст.
Дар баёния омадааст: “Ҳар гуна наздик шудани сиёсӣ ё дипломатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва корномаи нақзи густардаи ҳуқуқи башар, бояд бо ҳассосияти ҳаддиаксарии ғайри қобили пазириш бошад”.
Иттиҳоди фаъолони ҳуқуқи башар таъкид кардааст, таҷрибаҳои таърихӣ нишон дода, ки терроризм як падидаи маҳдуд ва маҳаллӣ нест, балки як “шабакаи сайёр ва қобили интиқол” аст.
Дар ин баёния, ба Иттиҳоди Аврупо ҳушдор дода шудааст, ки ҳар гуна одисозии равобит бо гурӯҳҳое, ки корномаи мустанад дар нақзи ҳуқуқи башар доранд, эътибори усули ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупоро аз байн мебарад.
Ҳамчунин, дар баёния омадааст, ки ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар, хилофи усул ва ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.
Бо ин ҳол, дар рӯзҳои охир, гузоришҳое оиди эҳтимоли даъвати намояндагони гурӯҳи Толибон ба қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел нашр шудааст.
Иттиҳоди Аврупо дар тавзеҳи ин мавзуъ гуфтааст, ки давъвати Толибон ба маънои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка