Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Ҷамолиддин Абдуллозода дар маркази саратоншиносӣ бо пайвандони беморон суҳбати озоду ошкоро намуд
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” рафт.
Тавре ки маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кормандони марказ доир ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, одоби муошират бо беморон ва дигар масъалаҳои соҳа суҳбат намуд.
Манбаъ меафзояд, ки дар саҳни бинои Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо доираи васеи наздикону пайвандони беморон суҳбати озоду ошкоро намуда, аз сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.
“Ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва дар ин замина боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард