Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Қонуни нави Толибон: хонаҳои шаҳракҳои тасарруфшуда аз сӯи Толибон дубора ба сокинони он фурӯхта мешавад
Гурӯҳи террористии Толибон аз қабули қонуни наве хабар додаанд, ки бар асоси он хонаҳои сокинони шаҳракҳои аҳолинишин, ки аз сӯи ин гурӯҳ тасарруф шуда буд, дубора ба соҳибонаш фурӯхта мешавад.
Вазорати адлияи Толибон рӯзи сешанбе, 12-уми май эълом карда, ки “Қонуни фурӯши замин” дар рӯзномаи расмӣ нашр шудааст.
Ин ниҳоди Толибон гуфтааст, ки қонуни нав иборат аз муқаддима, 4 боб, 6 фасл ва 38 модда аст.
Дар ин қонуни Толибон омадааст, ки заминҳои “ғасбӣ” ба шахсоне, ки аз сӯи Толибон “ғосиб” шинохта мешаванд, фурӯхта намешавад.
Ҳамчунин, моддаи 15-и ин қонун нишон медиҳад, ки Толибон дар пайи фурӯши дубораи хонаҳои сокинони шаҳракҳои аҳолинишин ҳастанд, ки аз сӯи ин гурӯҳ ба унвони “ғасбшуда” тасарруф шудааст.
Гурӯҳи террористии Толибон аз замони дубора ба қудрат расидани худ дар Афғонистон ҳазорон гектар заминро дар Кобул ва вилоятҳои дигари ин кишвар “ғасбӣ” хонда ва ба тасарруфи худ даровардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка