3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:33, Душанбе
12.05.2026 13:22

Намояндаи Толибон барои иштирок дар нишасти “Русия ва ҷаҳони ислом” ба шаҳри Қазон рафтааст

Гурӯҳи террористии Толибон эълом кардаанд, ки Нидомуҳаммад Надим, вазири таҳсилоти олии ин гурӯҳ, бо як ҳайат ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Русия сафар кардааст.

Ҳофиз Зиёуллоҳ Ҳошимӣ, сухангӯи Вазорати таҳсилоти олии вобастаи Толибон, рӯзи 11-уми май бо нашри хабарномае гуфта, ки ин ҳайат ба ҳадафи иштирок дар нишасти “Русия ва ҷаҳони ислом” ба Қазон рафтааст.

Бар асоси хабарнома, дар ҳошияи ин нишаст, ба дархости Русия, нахустин нишасти “Комиссияи муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ” миёни Толибон ва Русия низ баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Вазорати таҳсилоти олии Толибон, ин нишастҳо дар шаҳри Қазон аз 13 то 15-уми майи соли 2026 баргузор мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, талошҳои худро барои густариши равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон афзоиш додаанд ва Русия низ равобиташро бо ин гурӯҳи террористӣ бо баҳонаҳои амниятӣ пайваста тақвият медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.