24 Октябр 2026,
шанбе, 07:54, Душанбе
07.05.2026 16:47

“Хандинкамон” 23-сола шуд. Муқимҷон Абдуфаттоев доир ба бурду бохти он гуфт

3-юми май аз таъсиси театрстудияи “Хандинкамон” 23 сол пур шуд. Ин гурӯҳи ҳаҷвӣ тӯли фаъолияти худ садҳо саҳнаи ҳаҷвӣ таҳия карда, мушкилоту муаммо ва пешравиҳои ҷомеаро нишон дод.

Дар ин росто, Dialog.tj бо муассис ва роҳбари “Хандинкамон” ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абдуфаттоев суҳбат намуд, ки манзури хонандагон мегардад.

БОБИ ЯКУМ: РИСОЛАТИ “ХАНДИНКАМОН”

- “Хандинкамон” 23-сола шуд ва ин барои як гурӯҳи ҳаҷвӣ умри кӯтоҳ нест. Бигӯед, ки ҳоло ин гурӯҳи овозадор чӣ ҳол дорад? Чӣ камбудиву норасоиҳо дорад?

- 23 солро метавон аз як ҷиҳат кӯтоҳ ва аз ҷиҳати дигар хеле тӯлонӣ номид, чунки барои сарҷамъ намудани аъзои гурӯҳ хеле ва хеле меҳнат кардам. Бачаҳои “Хандинкамон” аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳастанд ва сарҷамъ кардани онҳо, масъалаи таъсис додану барномаи аввалро назди тамошобинон гузоштан ва дигар ташвишҳоямро худам медонаму Худо. Бояд бигӯям, ки то ҳол “Хандинкамон” боми худро надорад ва иҷоранишин аст. Дар ҳоли ҳозир дар гурӯҳ 8 ҳунарманд фаъолият менамоянд. Сенарияҳои саҳначаҳо ва матни сурудҳои ҳаҷвиро худам навишта, ба саҳна мегузорам.

- Ба фикри шумо, оё тӯли 23 сол “Хандинкамон” вазифаву рисолати худро иҷро карда тавонист?

- Фикр мекунам, “Хандинкамон” рисолати худро назди ҷомеа иҷро карда истодааст. Аслан, рисолати як театрстудияи ҳаҷвӣ бо ҷомаи ҳаҷв мушкилоти ҷомеаро нишон додан аст, ки мо 23 сол боз ин корро карда истодаем. Мактаби зиндагӣ мактабест, ки инсон рӯз аз рӯз такмил меёбад, донишу ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад, иваз мешавад ва дар ин росто, вақти таҳияи саҳнаҳои ҳаҷвӣ кӯшиш менамоем, ки камбудиву норасоиҳои навро нишон диҳем ва ҳамқадами замон бошем. Аз ҳама муҳим, дар инъикоси мушкилот ва рӯҳи ҷомеа ҳақиқатнигор будан мехоҳем, саҳнаҳои тахайюлӣ ва дур аз зиндагии имрӯзаро гузоштан намехоҳем.

 - “Хандинкамон”-и имрӯз аз “Хандинкамон”-и 23 сол пеш чӣ фарқ дорад?

- “Хандинкамон”-и имрӯза рӯҳияи соли 2026-ро нишон медиҳаду “Хандинкамон”-и 23 сол пеш фазову муҳити соли 2003-ро. Аслан, фарқ зиёд аст, ҳунармандон таҷрибаи зиёд гирифтанд, мавзуъҳову проблемаҳо дигар шуданд, чеҳраҳои нав пайдо гардиданд ва ғайраҳо.

- "Хандинкамон" бисёр мавзуъҳои оилавӣ ва иҷтимоиро инъикос мекунад. Оё ягон бор касе аз тамошобинон ба наздатон омада гуфтааст: “Акаи Муқимҷон, ҳамон саҳнаи шуморо дида, ман рафторамро бо ҳамсарам ё хушдонам дигар кардам”?

- Бале, бо чунин тамошобинон рӯ ба рӯ шудаем. Зиёданд одамоне, ки рафтору гуфтору кирдорашонро дар саҳнаҳои мо мебинанд ва ҳатто зане гуфта буд, ки шавҳараш пас аз тамошои кадом саҳнаи “Хандинкамон” ба хона баргаштааст. Ҳамчунин, бархе хушдоманҳо “наход мо ҳамин хел бошем” гуфта, механданду порае аз зиндагии худро дар саҳнаҳои мо дармеёбанд. Таъсири саҳнаҳо ба мардум ҳис мешавад, зеро онҳоро аз зиндагии имрӯз мегирем.  

- Дар 23 сол бархеҳо аз гурӯҳ рафтанд, бархеҳо омаданд ва боз бархеи дигар бозгаштанд. Бигӯед, ки фикри рафтан дар сари шумо буд?

- Ростӣ, роҳбар будан хеле душвор аст, махсусан, бо ҳунармандон кор кардан. Аксари онҳо мисли кӯдаканд, қаҳр мекунанд, ҷанҷол мекунанд, якравӣ мекунанд ва боз ҳолате мешавад, ки бо як сухан ҳама чизро фаромӯш мекунанд. Буд ҳолате, ки бархеҳо ба муҳоҷират рафтанду бархеи дигар бозорнишин шуданд. Замоне ки кору зиндагӣ душвор буд, дар фикри ман ҳам андешаи рафтан пайдо шуд, вале нарафтам, натавонистам, аз касбам рӯй нагардонидам. Шукр, маҳз тавассути ҳамин касб дар ҳама гӯшаи Тоҷикистон будам ва соҳиби ҳурмату эҳтироми хос шудам.

- Агар имрӯз як саҳнаи рамзӣ барои зодрӯзи “Хандинкамон” созед, он чӣ ном хоҳад дошт?

- Агар имрӯз саҳнаи рамзие менавиштам, номашро “Купрук” мегузоштам. Зеро ба дили ҳар инсон бо воситаи сухани хуб, амали нек рафтору кирдори намунавӣ купруке сохта рафта мешавад. Фикр мекунам, дар 23 сол “Хандинкамон” ҳазорҳо “купрук” сохт ва дилҳои зиёдро ба даст овард.

- Ояндаи “Хандинкамон”-ро чӣ гуна мебинед?

- Ба ояндаи “Хандинкамон” хушбин ҳастам. Итминон дорам, ки “Хандинкамон” дар оянда ҳамчун як театри ҳаҷвии касбӣ дар маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷой мегирад ва дар он намояндагони ҳама минтақаҳои кишвар бо забони адабӣ фаъолият мекунанд. Боварӣ дорам, ки театрстудияамон соҳиби бино, утоқҳои корӣ, техникаву таҷҳизоти сабти овоз ва ғайраҳо мешавад.

БОБИ ДУЮМ: МАВҚЕЮ ТАЪСИРИ ҲАҶВ ДАР КИШВАР

- Тамошобини имрӯз ҳаҷви иҷтимоии инъикоскунандаи мушкилоти ҷомеа мехоҳад ё як шӯхии сабук барои фаромӯш кардани мушкилоти рӯзгор?

- Ҳам ину ҳам он. Шавқу завқи тамошобини имрӯз гуногун аст. Бархеҳо аз даруни ҳаҷв мушкилот, камбудиҳо ва муаммо ҷустуҷӯ мекунанду бархеи дигар танҳо механданду аз пайи кори худ мешаванд.

- Оё ҳаҷв метавонад чизеро ислоҳ кунад, ё танҳо нишон медиҳад?

- Ислоҳ мекунад, зеро камбудиҳоро бо шӯхӣ нишон медиҳад, ки албатта, ин ба мухотабон сахт намерасад.

- Оё барои саҳнае касе аз шумо ҷиддӣ хафа шудааст?

- Бале, буданд касоне, ки барои саҳнаҳоямон аз мо хафа шуданд ва ҳоло ҳам мешаванд. Аммо мо вазифаву рисолатамонро иҷро мекунем, кори мо ҳамин аст.

- Дар кишвари мо хатти сурхи ҳаҷв куҷост, яъне чӣ чизҳоро набояд гуфт?

- Ҳаҷв бояд чаҳорчӯба ё ба қавле ҳамон хатти сурхро риоя кунад, зеро мо дар баробари қонунҳову меъёрҳо, боз менталитет дорем. Вақте ки ҳаҷв аз хатти сурх мебарояд, он аллакай ҳаҷв нест.

- Барои рушди ҳаҷв чӣ лозим аст?

- Пеш аз ҳама таваҷҷуҳ бояд зиёд шавад. Сипас, ҳаҷвнавису коргардонҳо тарбия карда шаванд ва майдонро соҳибӣ кунанд.

- Кадом чизро ҳаҷви муосир гум кардааст, ки пештар дошт?

- Самимиятро. Ба назарам, имрӯз ҳама чиз сохта шудааст. Навиштану нақш бозидану таҳия кардан ҳам. Пештар самимият хеле зиёд буд.

- Бо пайдоиши блогерҳо ва ҳаҷви кӯтоҳи интернетӣ нақши гурӯҳҳои саҳнавӣ кам шуд ё баръакс муҳимтар?

- Дар ҳоли ҳозир блогерон барои гурӯҳҳои ҳаҷвӣ рақиб нестанд, зеро дар таҳияи наворҳо камбудиву норасоиҳои зиёд доранд. Онҳо бояд бисёр омӯзанд, таҷриба гиранд ва худро такмил диҳанд. Ҳоло ҳар кас як телефон мегираду ба майдон мебарояд. Аз ҷониби дигар, набояд фаромӯш кард, ки мо блогерони хубу намунавӣ низ дорем.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

23.10.2026 14:15

Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад

Чанд рӯз қабл масъулони гурӯҳи террористии Толибон бидуни ҳузури Чин роҳи Долони Вахонро, ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, ифтитоҳ намуданд. Чин фавран изҳорот дод, ки роҳ ба таври якҷониба аз сӯйи масъулони Толибон ифтитоҳ шуда, баста боқӣ мемонад ва ҳеч гуна равобити транзитӣ дар ин минтақа сурат нахоҳад гирифт.
23.10.2026 13:55

Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия изҳор дошт, ки шикасти ин кишвар дар майдони ҷанг ғайриимкон буда, идеяи расонидани шикасти стратегӣ ба Маскав воқеӣ нест. Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки Русия нияти ҷанг бо Аврупоро надорад.
23.10.2026 13:45

Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд

Дар пайи заминларза бо қувваи 7 бал дар минтақаи Сисзан (Тибет)-и Чин, ки шоми панҷшанбе рух дод, дастикам 16 нафар ба ҳалокат расида, 65 тани дигар захмӣ шудаанд. Си Ҷинпин, роҳбари давлати Чин дастур додааст, ки амалиёти наҷот бо тамоми нерӯ анҷом дода шавад.
23.10.2026 11:00

Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид

Дар доираи саммити ҷаҳонии “Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда”, ки дар шаҳри Самарқанд доир гашт, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдулллозода бо директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Оллоёров Мансурбек вохурӣ намуд.
23.10.2026 09:07

Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”

Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ҳаҷми сӯзишвории дизелие, ки Русия тибқи созиши ахир бо Вашингтон таъмин мекунад, барои таъсир гузоштан ба нархҳо дар бозори Амрико кофӣ нест. Ӯ ҳамчунин, Доналд Трампро даъват кардааст, ки барои ба мизи музокирот овардани Владимир Путин аз фишори бештар истифода кунад.
23.10.2026 08:59

Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”

Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ки Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи ин кишвар, дар рӯзҳои ахир гуфтугӯ бо мақомоти Русия ва Украинаро аз сар гирифтааст.
23.10.2026 08:49

Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд

Ба муносибати 1050-солагии яке аз аввалин занони шоир дар адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ рӯзи 21-уми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Робиаи Балхӣ - нахустин нидои ишқ” ҳамоиши илмиву адабӣ баргузор гардид.
22.10.2026 14:26

Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст

Ҳорун Самарқандӣ дар рустои Самарқанди вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Дар даври ҳукумати устод Раббонӣ ба ҳайси донишҷӯ дар Донишгоҳи Кобул дарс хондааст. Дарсҳояш ба итмом нарасида, муқовимат бар зидди гурӯҳи террористии Толибон оғоз мешавад ва ӯ дар дафтари Аҳмадшоҳи Масъуд муддате кор мекунад. Баъди омадани ҳукумати ҷадид ба раҳбарии Ҳомид Карзай дарсҳояшро дар Донишгоҳи тиббии Кобул идома дода, ин донишгоҳро хатм мекунад. Дар ин давра дар созмонҳои байналмилалии тандурустӣ кор кардааст. Дар соли 2015 ӯ ба ҳайси масъули бахши тандурустӣ ва равонии вилояти Бағлон кор кардааст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул хориҷ шуд ва ҳоло дар Миср кору зиндагӣ мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳақи тоҷикон, забони форсӣ ва ҳамгироии мардуми форсизабон дифоъ мекунад.
22.10.2026 11:16

Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми нави худ гуфт, Теҳрон омода аст бори дигар ба дипломатия имконият диҳад. Ӯ таъкид кард, ин ба он вобаста мебошад, ки Амрико барои эҷоди эътимод ва расидан ба роҳи ҳалли одилона омодагӣ нишон диҳад.