4 Октябр 2026,
якшанбе, 07:42, Душанбе
07.05.2026 07:33

Вохӯрии вазири фарҳанг бо сафири Покистон дар Тоҷикистон

Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад вохӯрӣ намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Матлубахон Сатториён аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст Тоҷикистону Покистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд.

Таъкид мегардад, ки дар мулоқот вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки охири соли 2025 дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Покистон бори нахуст Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо