Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Фавзия Кӯфӣ: “Се тан аз бастагонaм аз зиндони Толибон озод шуданд”
Фавзия Кӯфӣ, узви Маҷлиси намояндагони пешини Афғонистон ва аз фаъолони ҳуқуқи ин кишвар, мегӯяд се тан аз бастагонaш, ки пештар аз сӯи гурӯҳи террористии Толибон боздошт шуда буданд, озод шудаанд.
Фавзия Кӯфӣ рӯзи 5-уми май дар сафҳаи корбариаш дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки ин афрод чанде пеш боздошт шудаву ва пас аз як ҳафтаи зиндон, озод шудаанд.
Ӯ гуфта, ки ин афрод танҳо ба далели хешутаборӣ бо ӯ боздошт шуда буданд ва ҳеч далели қонунӣ барои зиндонӣ кардани онҳо вуҷуд надоштааст.
Кӯфӣ дар идома аз фаъолони сиёсӣ, фарҳангӣ, ҷунбишҳои занон, расонаҳо, аъзои ҷомеаи дипломатӣ ва гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои пайгирӣ ва ҳимоят дар ин раванд қадрдонӣ кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки дар шароити кунунӣ мардуми Афғонистон, ба вижа занон, бо фишорҳои зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд ва ниёз ба ҳамкории бештар доранд.
Ин фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон ҳамчунин, гуфта, ки фазои фаъолият барои занони сиёсӣ дар Афғонистон душвор шудааст ва ин рӯйдодҳо нишондиҳандаи маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар баробари фаъолиятҳои маданӣ ва сиёсии занон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка