Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Осиф Дурронӣ: “Субот дар Афғонистон вобаста ба як низоми сиёсии фарогир ва қонунӣ аст”
Осиф Дурронӣ, намояндаи вижаи пешини Покистон дар умури Афғонистон, гуфтааст, ки эҷоди амният дар Афғонистон ба як низоми сиёсии фарогир ва қонунӣ вобаста аст.
Дурронӣ рӯзи 4-уми май дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишта, ки пардохтан ба тағйири режим бештар бо ҳадафҳои берунӣ ҳамоҳангӣ дорад ва монеи тамаркуз бар ниёзи асосии Афғонистон, яъне эҷоди як низоми сиёсии ҳамашумул, мешавад.
Ӯ афзуда, ки амният замоне таъмин мешавад, ки як сохтори сиёсии фарогир ва ҳуқуқӣ тавассути худи афғонистониҳо шакл бигирад.
Ӯ таъкид кардааст, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳузури сиёсиро намепазиранд ва ин амали онҳо ояндаашонро зери суол бурдааст.
Дурронӣ ҳушдор дода, ки ҳеч вазъияти пойдоре бар пояи ҳазф ва маҳдуд кардан давом намеёбад ва низоме, ки бозтобдиҳандаи гуногунии Афғонистон набошад, шикананда хоҳад монд.
Гуфтанист, ки гурӯҳи террористии Толибон баъди ғасби ҳокимият дар Афғонистон ба нақзи ҳуқуқи қавмҳо пардохтаанд ва хусусан тоҷикон, ки 45 дарсади аҳолии ин кишвар мебошанд, ба маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон ҳам дар қудрат ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоӣ бештар рӯ ба рӯ ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”