25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 01:42, Душанбе
04.05.2026 15:29

ЮНИСЕФ: Соли гузашта беш аз панҷ миллион кӯдак дар Афғонистон хизматрасониҳои тиббӣ дарёфт карданд

Созмони ҳимояи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мегӯяд, ки 5,6 миллион кӯдак, аз ҷумла 1,4 миллион навзод, соли гузашта дар Афғонистон хизматрасониҳои тиббӣ дарёфт кардаанд.

ЮНИСЕФ рӯзи душанбе, 4-уми май дар гузорише гуфтааст, ки соли гузашта хизматрасониҳои ибтидоии тандурустӣ ба беш аз 20 миллион нафар пешниҳод шудааст.

Бар асоси гузориш, 60 дарсади ин афрод занон будаанд.

Дар гузориш омадааст, ки 10 миллион кӯдак ва модар хизматрасониҳо ва манобеи ҳаётан муҳим барои пешгирӣ аз бемориҳо дарёфт кардаанд.

Ҳамчунин, дар гузориш омадааст, ки чор миллион кӯдак дар мактабҳо ва тарҳҳои омӯзишии ҷомеамеҳвар ва шароити изтирорӣ, маводи таълимӣ ва дарс гирифтанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.