Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”
Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”
Аҳмад аш-Шараъ: “Баландиҳои Ҷӯлон хоки Сурия боқӣ мемонад”
Малола Юсуфзай хостори афзоиши ҳимояти ҷаҳонӣ аз занони Афғонистон шуд
Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва фаъоли ҳуқуқи башар, пас аз дидор бо Ҷон Суинни, нахуствазири Шотландия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, то ҳимоят ва ҳамбастагии бештаре бо занон ва духтарони Афғонистон нишон диҳанд ва барои ба расмият шинохтани “апартеиди ҷинсиятӣ” иқдом кунанд.
Юсуфзай рӯзи чоршанбе, 29-уми апрел гуфта, ки занон ва духтарони Афғонистон наздик ба панҷ сол аст, ки зери султаи гурӯҳи террористии Толибон бо маҳдудиятҳои шадид рӯбарӯ ҳастанд ва бисёре аз кишварҳо нисбат ба вазъияти онҳо “чашмпӯшӣ” кардаанд.
Ӯ бо ишора ба мамнуияти омӯзиши духтарон ва кори занон афзудааст, ки занони Афғонистон ба далели ҳузур дар фазои умумӣ ё талош барои таҳсил аз сӯи Толибон муҷозот мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, вазъият дар Афғонистон рӯ ба хатар аст ва ниёз ба иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад.
Юсуфзай таъкид кардааст, ки ба расмият шинохтани апартеиди ҷинсиятӣ дар ҳуқуқи байналмилал метавонад заминаи посухгӯии Толибонро фароҳам кунад ва кишварҳоро водор ба иқдом созад.
Дар ҳамин ҳол, Ҷон Суинни дар ин дидор ваъда дода, ки аз талошҳо барои ҷилавгирӣ аз апартеиди ҷинсиятӣ ҳимоят кунад.
Ду тараф дар баёнияи муштарак сиёсатҳои Толибон дар баробари занонро маҳкум карда ва онро маҳрумсозии систематикӣ аз ҳуқуқи асосӣ унвон карданд.
Юсуфзай ҳамчунин, хостори ҳузури занони Афғонистон дар музокироти байналмилалӣ бо Толибон шуд ва таъкид кард, ки ин мавзуъ як масъалаи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва ниёзманди ҳимояти ҳамаи кишварҳо, ба вижа кишварҳои исломӣ аст.
Пас аз тасаллути дубораи Толибон бар Афғонистон, маҳдудиятҳои густурда бар зиндагии занон ва духтарон ва маҳдудиятҳои сиёсӣ бар қавмҳои дигари Афғонистон гирифта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Вокуниши Бақоӣ ба сарвазири Канада дар бораи изҳороти Трамп
Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард
Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”